Саидқул Билолов: Бозор Собир мисли бародарам буд

Саидқул Билолов. Ин ном барои мардуми тоҷик хеле азиз аст, зеро солҳост, ки сурудҳои дилнишини ин ҳунарманди номвар қалбҳоро тасхир намудааст. Бо дархости мухлисони ҳунарманд, ки хонандагони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҳастанд, ба аёдати Саидқул Билолов рафтем.

Профессор Билолов

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон устод Саидқул Билоловро дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон пайдо кардам.

— Солҳо роҳбари бадеии ансамбли “Дарё” будам, аз соли 2005 то соли 2019 ба ҳайси директори дастаҳои ҳунарии Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекардам. Ду сол аст, ки ба нафақа баромадам. Баъди ин маро ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба кор даъват карданд. Ҳоло иҷрокунандаи вазифаи профессор ҳастам ва дар кафедраи сурудҳои анъанавӣ ба донишҷӯён дарс мегузарам. Аз пайи тарбияи ҳунармандони нав ҳастем,- мегӯяд ҳунарманд.

Оғози парвоз

Чун сухан аз ҷавонони навроҳи санъат рафт, ки Саидқул Билолов ба тарбияи онҳо машғул аст, аз ҳунарманд дар мавриди оғози роҳаш дар ҷодаи ҳунар пурсон шудам.

— Тақдир маро ба олами ҳунар овард,- мегӯяд ҳунарманд ва ёди айёми наврасӣ мекунад,- соли 1963 дар мактаби миёнаи ба номи Пушкини ноҳияи Данғара таҳсил мекардам. Тобистон буд, ҳоло таҳсили мактаб оғоз наёфта, тариқи радио хабар ёфтам, ки дар Душанбе мактаби махсуси мусиқӣ ва хореографии ба номи Малика Собирова кушода мешавад. Моҳи сентябри ҳамон сол аз Душанбе ду нафар ба мактаби мо омада, эълон карданд, ки барои муассисаи нав истеъдод меҷӯянд. Он рӯз аз мо имтиҳон гирифтанд. Ман як суруди Хайрулло Абдуллоевро хондам. Шунавоии мусиқӣ ва сатҳи саводнокии моро санҷида, аз байни хонандагон 4 нафарро итихоб карданд. Аз ҳамон вақт инҷониб тақдири ман ба мусиқӣ пайванд гардид. Ман аз ҳамон вақт зиндагии худро бе шеъру мусиқӣ тасаввур карда наметавонам ва инак, қариб 60 сол мешавад, ки дар ҷодаи ҳунар қадам мезанам.

“Дарё”-и Саидқул Билолов

Саидқул Билолов ҳамчун ҳунарманд ва чеҳраи ҳунарӣ дар ансамбли “Дарё” ба камол расид. “Дарё” болу пари ин ҳунарманд гардид ва садои махмалинашро ба гӯшаву канори кишвар расонид ва аз фарози қуллаҳои Бадахшон ба олам танинандоз кард.

“Давраи фаъолиятамро дар ансамбли “Дарё” даврони пурбор медонам. Вақте роҳбари ансамбл будам, таҳти роҳбарии ман 12 нафар соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон гардиданд, ду нафар аз шогирдонам дар ин муддат соҳиби ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шуданд. Имрӯз ифтихор аз шогирдону ҳамкоронам мекунам, ки бо онҳо ҳамкорӣ ва фаъолияти корӣ доштам. Ман фикр мекунам, ки умри худро беҳуда нагузаронидам ва сарфи тарбияи шогирдон кардам. Ифтихор аз он мекунам, ки имрӯз шогирдонеро тарбия кардаам, ки давомдиҳандаи кору пайкори ман ҳастанд”,- мегӯяд ӯ.

Сарояндаи Лоиқу Бозор

Саидқул Билолов тӯли фаъолияти эҷодиаш беш аз 400 суруд хондааст. Муалллифи шеърҳои ин сурудҳо шоирони мухталифанд. Вале метавон гуфт, ки ин ҳунарманд беҳтарин иҷрокунандаи ашъори шоирони бузурги муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир аст.

Саидқул Билолов дар мавриди ҳамкориаш бо ин ду шоири номвар мегӯяд: “Ман бо устод Лоиқ шиносоии наздик надоштам, вале сурудҳояшонро зиёд сароидаам. Эҷодиёти устод Лоиқро зиёд мепарастам ва эътироф мекунам. Ба 35 шеъри он кас ман оҳанг бастаам. Он сурудҳо имрӯз вирди забони халқанд. Устод Лоиқ шоири лирик аст. Шеърҳои ӯ бо сабки хос навишта шуда, гӯё хос барои оҳанг навишта шуда бошанд. Устод Бозор Собир бошад, барои ман мисли бародарам буданд. Ҷозибаи ба худ хос доштанд.

Бедавлате, бесавлате

ҳарфаш шиори миллате,

Бозори шоир як тараф,

Бозори Собир як тараф.

Бозор Собир одами эҳсосӣ буд. Сухани баде ҳам мегуфт, баъдтар пушаймон мешуд. Бозор Собир дар шеъраш умуман одами дигар аст. Мисли ӯ мо шоире надорем. Ӯро фақат бо Нодири Нодирпур метавон муқоиса кард. Ифтихор мекунам, ки аксари шеърҳои устодро оҳанг баставу сароидаам…”.

Дарё туӣ, дарё манам

Дар фароварди суҳбат Саидқул Билолов ба мухлисонаш аз нашри ду китоби нав мужда расонид: “Ба наздикӣ китоби нави ман таҳти унвони “Дарё туӣ, дарё манам” аз чоп мебарояд. Ин маҷмӯа нотаи 50 шеъри устод Бозор Собирро фаро мегирад, ки банда оҳанг бастаам. Ҳамчунин, 2 суруди эҳдошуда ба Бозор Собир, ки яке ба қалами Озарахш ва дигаре ба қалами Гулрухсор тааллуқ дорад ва ба онҳо низ оҳанг бастаам, шомили ин китоб гардидаанд. Китоби дигаре, ки аллакай аз чоп баромад, “Амвоҷи меҳр” ном дорад ва дар он тамоми мусоҳибаву лавҳа ва мақолаҳое, ки дар солҳои гуногун дар нашрияҳои гуногун чоп шудаанд, гирдоварӣ шудаанд”.

Феълан Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов машғули корҳои эҷодӣ аст. Пайваста эҷод мекунад, то ки мухлисонаш аз ӯ шод бошанд. Мо ба ин ҳунарманди номвар барору комёбӣ мехоҳем.

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *