30 фоидаи бодоми талх

Ба унвонии саҳифаи «Канзи шифо» аз ҷониби хонандагон оид ба фоидаи бодоми талх ва равғани бодоми талх суолҳои зиёде ворид мешаванд. Дар ин матлаб ба ин масъала равшанӣ меандозем.

Фоидаҳои бодоми талх:

1. Мағзи бодоми талхро маҳин соида, ба чашм кашед, басоратро қувват мебахшад.

2. Ҳар рӯз се дона мағзи бодоми талхро бо майи пухтагӣ бихӯред, ҳамаи бемориҳои гурдаро шифо мебахшад.

3. Мағзи бодоми талх, зағири бирёнкарда ва мағзи чилғӯзаро соида, ҳабҳо баста, дар даҳон нигоҳ дореду оби даҳонро фурӯ баред, гирифтагии овозро шифо мебахшад.

4. Ҳар рӯз 3 дона бодоми талхро шикаста, мағзашро бо наъноъ бихӯранд, дарди гурдаро дафъ мекунад.

5. Ҳар рӯз ду мисқол равғани бодоми талхро бо як қошуқ кӯфтаи самари арча бихӯранд, бӯғма шудани бачадонро шифо мебахшад.

6. Ҳар рӯз се дона мағзи бодоми талхро бо асал бихӯранд, суддаи ҷигарро мекушояд ва бемориҳои онро дафъ мекунад.

7. Мағзи бодоми талхро кӯфта, ба доғҳои кунҷидак бимоланд, онҳоро аз рухсора дафъ мекунад.

8. Ҳар рӯз се дона бодоми талх шикаста, мағзашро бихӯранд, ахлоти ғализи баданро дафъ мекунад.

9. Мағзи бодоми талхро кӯфта, бо сирко ё бо шароб сиришта, ба намла — дона ва обилаҳои сӯзишдор дар бадан гузошта, бандед, нафъ мекунад.

10. Мағзи бодоми талхро кӯфта, ба доғҳои рӯй бимоланд, онҳоро дафъ мекунад, ба чинҳои рӯй низ бимоланд, ҳамвор мегардонад.

11. Ҳар рӯз се дона бодоми талх бихӯранд, ба дамкӯтаҳӣ шифост.

12. Ҳар рӯз се дона мағзи бодоми талхро занҳо бо майи пухтагӣ бихӯранд, дарди бачадонро дафъ мекунад.

13. Ҳар рӯз се дона бодоми талхро бихӯранд, сурфаро дафъ мекунад.

14. Ҳар рӯз се дона бодоми талхро бо асал бихӯранд, бемориҳои сипурзро шифост.

15. Ҳар рӯз се дона мағзи бодоми талхро бо майи пухтагӣ бихӯранд, пешобро меронад ва душвории шошиданро дафъ мекунад.

Миҷози бодоми талх дар дараҷаи саввум гарм, дар охири дараҷаи якум хушк аст.

Манфиати равғани бодоми талх:

1. Равғани бодоми талхро ба чинҳои рухсора бимоланд, онҳоро дур ва ҳамвор мекунад.

2. Ҳар рӯз ду мисқол равғани бодоми талхро бо ҳамон миқдор равғани зағир даромехта бихӯранд, варами сипурзро таҳлил медиҳад.

3. Ҳар рӯз ду мисқол равғани бодоми талхро бо наъно биёшоманд, дарди гурдаро дафъ мекунад.

4. Ҳар рӯз се дона бодоми талхро бо наъно бихӯранд, дарди гурдаро дафъ мекунад.

5. Равғани бодоми талхро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро шифо мебахшад. Карии гӯшро ба ислоҳ меоварад.

6. Ҳар рӯз ду мисқол равғани бодоми талхро бо асал бихӯранд, бачадони чаппагаштаро ислоҳ мекунад, низ бояд он равғанро ба зери шикам бимоланд.

7. Ҳар рӯз ду мисқол равғани бодоми талхро бо пудинаи боғӣ бихӯранд, дамкӯтаҳиро шифост.

8. Ҳар рӯз ду мисқол равғани бодоми талхро бо як мисқол барги хушки кӯфтаи парпӣ бихӯранд ва аз рӯ бимоланд, варами бачадонро даво мебахшад.

9. Равғани бодоми талхро дар гӯш чаконанд, ҷарангии гӯшро дур мекунад, низ агар кирмаш бошад, мекушад.

10. Ҳар рӯз ду мисқол равғани бодоми талхро бо як қошуқ самари арчаи кӯфтагӣ бихӯранд, душвории шошиданро ислоҳ мекунад.

11. Равғани бодоми талхро ба ҷойҳои аз сармо кафидаи пӯст бимоланд, ислоҳ мекунад.

12. Ҳар рӯз ду мисқол равғани бодоми талхро бо обе, ки дар он мухаллас ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд, кулинҷро дафъ мекунад.

13. Ҳар рӯз ним қошуқ равғани бодоми талхро биёшоманд ё дар сӯрохии закар бичаконанд, санги гурда ва масонаро майда карда мерезонад.

14. Равғани бодоми талхро ба рухсора бимоланд, онро аз доғҳо пок мекунад.

15. Равғани бодоми талхро ба сар ва пешонӣ бимоланд, дарди сареро, ки аз сардӣ бошад, ба ибро меоварад.

Миҷози равғани бодоми талх дар аввали дараҷаи дуввум гарм ва моил ба тарист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *