Саидҷаъфар Усмонов президент намешавад

Комиссияи марказии интихобот эълон кард, ки довталаби курсии президенти Ҷумҳури Тоҷикистон аз Ҳизби демократро сабти ном накардааст.

Дар баёнияи марказ аз рӯзи 14-уми сентябр омадааст, ки санадҳои ҳизб мутобиқ ба қонун набуд, аз ин рӯ Саидҷаъфар Усмоновро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур сабти ном накарданд.

Дар ин баёния омадааст, ки санадҳои Ҳизби демократро рӯзи 13-уми сентябр дарёфт карданд ва “Комиссияи марказӣ ҳуҷҷатҳои воридгардидаи номзадро мавриди омӯзиш қарор дода, бинобар ба талаботи қисми сеюми моддаи 65 Конститутсия ва қисми чоруми моддаи 24-и Қонуни конститутсионии… (интихоботи президент) ҷавобгӯй набудани ҳуҷҷатҳо бақайдгирии номзад ба мансаби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмонро, ки аз ҷониби Ҳизби Демократи Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, рад намуд.

«Тибқи хулосаи Комиссияи марказии интихобот, Ҳизби демократ натавонистааст, теъдоди кофии имзои тарафдоронашро ҷамъ оварад.

Дар ду банде, ки комиссия ба онҳо такя карда ва гуфтааст, ки санадҳои ҳизби демократ ба ин талабот ҷавобгу набуд, омадааст, “Шахсе ба номзадии президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.” Саидҷаъфар Усмонов баъд аз радди номзадиаш гуфтааст, ки ҳанӯз посухи расмиро ба онҳо надодаанд.

Ӯ афзуд, баъд аз тамоми дигар аҳзоби сиёсӣ санадҳояшонро ба Комиссияи марказии интихобот супурдаанд ва 285 ҳазор имзо ҷамъ овардаанд: “Мо мутобиқи талабот ва қонун санадҳоро бурда додем, онҳо ҳам мутобиқи қонун ваколат доранд ва мутобиқи қонун тафтиш мекунанд. Дигар намедонам. Агар қарор бароварда рад карда бошанд, ҳоло моро расман маълумот надодаанд.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *