Tcell 50% арзиши хизматрасониро бармегардонад ва корти Dushanbe City тӯҳфа мекунад!

Оператори навовару пешсафи кишвар– ширкати Tcell ва Dushanbe City ба муштариён пешниҳоди воқеъӣ ва олӣ менамоянд: пардохти муштариро барои тарофа анҷом дода, 50% аз арзиши хизматрасониро дар корти кобрендингии Tcell ва Dushanbe City, ки ҳамчун тӯҳфа ба Шумо дода мешавад, бозпас мегиред!

Ҳангоми хариди SIM-корт ва пайваст кардани тарофаҳои нақшавии Tcell «Даркор 30», «Алло 30» ва аз он болотар ба муштарӣ корти Dushanbe City ройгон пешниҳод гардида, ҳамчунин 50% аз арзиши пардохти муштарӣ ба гунаи пулҳои маҷозӣ (холҳо) ба корт интиқол меёбанд.

То 50% аз ин хол(имтиёз)-ҳоро метавонед тавассути тавозуни муштарӣ ва ё ҳамёни Dushanbe City барои пайваст кардани хизматрасонӣ ва опсияҳои нави  Tcell истифода баред! Истифодаи холҳо аз лаҳзаи ба корти кобрендигии Tcell ва Dushanbe City гузаштани онҳо то 3 моҳи баъд мумкин аст.

Кортҳои кобрендингии Tcell ва  Dushanbe City барои соҳибонашон имкониятҳои қулай ва ҷолибро фароҳам меоранд. Яке аз бартариятҳои асосии ин корт имконияти интиқол (ирсол) ва гирифтани маблағ аз Федератсияи Русия мебошад!

Тариқи ин корт дар ҳама фурӯшгоҳҳо бе фоиз харид кардан, интиқоли пул ба кортҳои «Корти Миллӣ»-и ҳама бонкҳо, инчунин пардохти 170 намуди хизматрасонӣ, аз ҷумла пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ имконпазир аст.

Имконияти пайваст шудан ба оилаи бузурги Tcell ва гирифтани пешниҳоди муфид, тахфифу кешбэкро аз даст надиҳед!

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *