Саид Махдуми Раҳин: “Форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ як забон аст!”
Доктор Саид Махдуми Раҳин, нависанда ва арбоби шинохтаи давлатии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар вазифаи вазири фарҳанг ва иттилооти ин кишвар фаъолият карда, бо Тоҷикистон ва доираҳои фарҳангии он иртиботи қавӣ дорад. Дар як суҳбати ихтисосӣ доктор Раҳин дар мавриди решаҳои забони форсӣ ва тақсимоти мероси фарҳангии мардуми форсизабон андешаҳои ҷолибе ироа кард, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.
— Раҳин соҳиб, оё форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ – се ном барои як забон аст ё инҳо забонҳои мухталиф ҳастанд?
— Форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ як забон аст. Форсӣ дар Эрон, дарӣ дар Афғонистон, тоҷикӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар Самарқанду Бухорову Тирмиз лаҳҷаҳои мутофовит аз як забон ҳастанд. Илова бар ин, инҳо лаҳҷаҳои умдае мебошанд, ки ҳар кадоме даҳҳо лаҳҷаи фаръӣ доранд. Барои мисол, лаҳҷаи Ғур аз Кобул, Хуҷанд аз Душанбе, Исфаҳон аз Теҳрон бисёр фарқ мекунад, аммо реша як аст.
Аслан, таъбири форсии дарӣ аз замони Сомониён пайдо шуд, аз замоне ки масъалаи тарҷумаи “Калила ва Димна” ба вуҷуд омад:
Бифармуд то порсии дарӣ,
Навиштанду кӯтоҳ шуд доварӣ.
Баъдан, ин забон аз Хуросон ба сарзамини ҳамсоя, махсусан ба Ироқи Аҷам ва Форс ё Эрони имрӯз рафт. Дар ибтидо, аниқтараш то қарни VII-VIII -и ҳиҷрӣ он дар сарзамини Эрон забони таҳсилёфтаҳо ва қишри босаводи ҷомеа буд ва авомуннос ҳанӯз ба забони дарӣ ворид набуданд. Дар қарни V-и ҳиҷрӣ Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ зимни сафари Ҳаҷ, ки дар тафаккури вай инқилоби равонӣ ба вуҷуд овард, дар Табрез қарор мегирад. Ӯ дар “Сафарнома” менависад, ки дар Табрез Қатрон ном шоиреро дидам, ки шеър некӯ мегуфт, аммо дарӣ намедонист ва девони Дақиқиву Мунҷиқро ба ман хонд. Ин вазъ то ба қарни VII, ки асри Саъдист ва қарни VIII, ки асри Ҳофиз аст, давом мекунад.
-Шумо мехоҳед бигӯед, ки тоҷикӣ ё дарӣ забони модарии Саъдӣ набуд?
-Бале. Забони модарии Саъдӣ дигар буд. Дар поёни девони ӯ чанде аз намунаи ашъораш бо забони модариаш мавҷуд аст, ки тоҷикӣ нестанд. Як далели дигар меорам. Дар Эрон мегӯянд: “Фалон одам дарӣ-варӣ мегӯяд” ё “Дарӣ-варӣ нагӯ”. Таъбири дарӣ-варӣ ба маънои ёва, музахраф ва ҳарфи пуч истифода мешавад. Чун дар ибтидо забони дарӣ дар Форс забони нухбагон буд, мардуми одии кӯчаву бозор онро намефаҳмиданд. Онҳое, ки ин забонро балад буданд, худро аз табақаи баландмартабаҳо мегирифтанд. Хоҷа Ҳофиз мегӯяд:
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе шавад огоҳ,
Ки лутфи табъи сухан гуфтани дарӣ донад.
Ҳамин тавр, вақте авомуннос худнамоии нухбагонро медиданд, хушашон намеомад ва мегуфтанд, фалонӣ дарӣ-варӣ мегӯяд, яъне ёва ва музахраф мегӯяд.
-Агар забони мо як аст, пас ин ҳама исрор байни эрониҳо, афғонистониҳо ва тоҷикистониҳо дар мавриди ҷудо будани забон баҳри чист?
-Исрор бемаънист. Забони мо муштарак ва ёдгори ниёкони муштарак аст. Ҳарчанд зодгоҳаш сарзамини мост – Хуросон аст. Аммо барои мо Ҳофизу Саъдӣ ҳамон қадар бузург аст, ки Ҳаким Саноӣ барои Эрон ва Фирдавсӣ барои Тоҷикистон. Ё падари шеъри форсӣ устод Рӯдакӣ, ки ифтихори ҳамаамон аст.
-Мутаассифона, дар Афғонистон солҳои охир як навъ табъизи забони дарӣ эҳсос мешавад…
-Ҳукуматиҳо ҳар коре, ки мехоҳанд бикунанд, барои мардум забони дарӣ ҳамоно азиз аст ва забони мо забони муоширати байни ақвоми Афғонистон мебошад.
-Шумо солҳои дароз вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон будед. Лутфан бигӯед, ки барои густариши забони тоҷикӣ ва решакан кардани табъиз чӣ корҳоро ба анҷом расонидед?
-Тавре шумо ифода кардед, табъизи забони тоҷикӣ дар Афғонистон вуҷуд надорад. Ман ду давра, қариб 11 сол, вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон будам ва дар қиболи ҳамаи забонҳо масъулият доштам. Дар баробари забони тоҷикӣ ё дарӣ, Худованд тавфиқ дод, ки ҳамчунин ба забони пашту, туркман ва ӯзбек, яъне ба фарҳанги Афғонистон хизмат кардам.
-Айни замон дар Афғонистон ду забон: дарӣ ва пушту забонҳои расмӣ ҳастанд. Мо дар таърих паштуҳоеро медонем, ки барои забони тоҷикӣ хизмат карданд. Мисол, Аҳмадшоҳи Абдолӣ, писараш Темуршоҳ ва Шоҳшуҷоъ шоҳоне буданд, ки ба забони форсӣ эҷод кардаанд. Забони хонаводагӣ ва рӯзмарраи Зоиршоҳи пашту дарӣ буд…
-Ва шеъри машҳури Ҳофиз, ки аз тарафи яке аз хаттотони маъруфи Кобул китобат шуда буд, болои сараш ҳамеша овезон меистод. Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон, вақте сухан аз озодӣ рафт, ба лавҳи болои сараш, ба байти Ҳофиз ишора карда гуфт:
Ғуломи ҳиммати онам, ки зери чархи кабуд,
Зи ҳар чӣ ранги таъаллуқ пазирад, озод аст.
Ва дар айни ҳол шоирони бузурги пашту ҳам ба забони форсӣ ашъори зебо сурудаанд. Барои мисол, Хушҳолхони Хатак ҳамон тавре ки бо пашту муассир шеър мегӯяд, ба форсӣ ҳам ашъори латиф сурудааст. Ӯ шеърҳои паштуии худро бо тахаллуси Хушҳол ва чакомаҳои форсиашро бо тахаллуси Рӯҳӣ эҷод мекунад. Рӯҳ бо “ҳ”-и дучашма маънои кӯҳро дорад. Намунаи ашъори ӯ, ки дар ёдам мондааст:
Рӯҳиву ишқи маҳрухон,
Дарду балои ошиқӣ,
Лаззати дард ёфта,
Ёди даво намекунад.
Бубинед, ки чӣ қадар латиф аст.
Дар адабиёти паштунӣ феълан шеъри махлут ё ширу шакар низ ривоҷ кардааст. Барои мисол:
Эй дилбари лоҳурӣ, биллаҳ ки ба рух уврӣ,
Ғамҳои ту бар ҷонам, чун абри асад ауврӣ.
“Увр”ба форсӣ оташ аст ё лалгуну фурӯзон. “Ауври” – боридан аст. Ин шеърро Хушҳолхон дар сафари Ҳиндустон гуфтааст, ки хеле зебо аст.
-Бубинед, тӯли солҳои ҳамзистӣ байни тоҷикону паштуҳо ин қадар наздикӣ ва ҳампазирӣ вуҷуд дорад, аммо ин сӯйитафоҳумҳои муосирро сабаб чист?
-Ман фикр мекунам, ки байни тоҷикҳо ва паштуҳо суйитафоҳуми ҷиддӣ нест. Фақат афроди мушаххас бо сабабҳои маълуму номаълум мехоҳанд, ки ин масъаларобеморгуна матраҳ кунанд. Байни афроду ақвоми мо, хушбахтона, ин масъала нест. Чанд нафаре, ки ёвагӯйӣ мекунад, тафриқа андохтанӣ ҳастанд, ки инҳоро вақт мешӯяд.
-Як масъалае, ки байни Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон вуҷуд дорад, баҳс атрофи мафохири фарҳангист. Қаблан як афғонистонӣ шароберо бо номи “Румӣ” дар Аврупо истеҳсол мекард ва Туркия даъво намуду истеҳсоли шароб қатъ гардид. Баъди ин эрониҳо даъво карданд, ки Румӣ моли онҳост…
-Мо, яъне наслҳои ҳозираи Машриқзамин гоҳе кӯр-кӯрона ба думболи миллатхоҳӣ ҳастем. Ҳеҷ гоҳ як амрикоӣ ё австралиёӣ бар он ақида нест, ки Шекспир аз Бритониёсту аз онҳо нест. Ӯ мероси муштараки фарҳангии инглисзабонони олам аст. Мавлоно дар Балх ба дунё омад, дар Қунияи Туркия зиндагӣ кард ва худаш ҳам мегӯяд:
Аз Хуросонам кашидӣ, то бари юнониям,
То даромезам, ба эшон то кунам хушмазҳабӣ.
Ман дар яке аз ин мубоҳисаҳо навишта будам, ки Мавлоноеро, ки дар коиноти Худо намеғунҷад ва ватанаш фаротар аз ин дунёст, кӯшиш мекунем, ки дар Балх ғунҷонем, туркҳо мекӯшанд, ки дар Қуния биғунҷонанд, эрониҳо, ки на Балх доранд ва на Қуния, мехоҳанд Румиро дар гӯшаи мавҳуми торих ҷой кунанд, ки моли онҳо шавад. Ин ҳамоқат аст ва ин кор дуруст нест. Зеро дар замони Мавлоно фарҳанги ҷаҳони Ислом муштарак буд, ҳамон тавре ки дар замони худ Ҷалолиддин ба Қуния бе виза ва шиноснома мерафт. Маҳз ҳамин муштаракот буд, ки Амир Хусрав дар Деҳлӣ шоҳккор месуруду мардуми Шероз мафтун мешуданд, Мавлоно дар Қуния эҷод мекард ва Тагор дар Ҳиндустон шефта шудаву Толстой дар Русия атрофи эҷодиёти ӯ меандешид. Бинобар ин, Мавлоно барин бузургонро дар вилоят, минтақа ё маҳдудаи марзҳои давлат ғунҷонидан нодуруст аст.
Мавлоно пешвост, пешво ва раҳбари ҳама орифон ва ошиқон аст. Ишқ, ки миллат надорад ва тобеи натсионализми аблаҳона нест.
Мусоҳиб Одил Нозир,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ