Омӯзгор: мақоланавис ё мураббӣ?

  Дар ҷомеаи имрӯзаи мо ин яке аз масъалаҳое мебошад, ки тамоми омӯзгоронро ба андеша намудан водор намудааст. Омӯзгори бечора то аз аттестатсия гузаштанаш бояд 5-6 мақола нависад, набошад аз аттестатсия намегузарад. Барои ин чӣ кор карданаш лозим аст? Ӯро лозим аст, ки аз баҳри ҳама кораш гузашта, дар ҷустуҷӯи шахсе шавад, ки аз он мақола харидорӣ намояд. Баъзеҳо, ки пул доранд, дар ҳақиқат як мақоларо 100-200 сомонӣ харидорӣ мекунанд, аммо омӯзгоре, ки 3-4 фарзанд дорад ва зиндагиашро бо азобе бо маоши кам мегузаронад, чӣ тавр мақола мехарад? Магар бо ин мақолаи харида хонандагонро тарбия кардан, дониш додан мумкин аст?

  Омӯзгорӣ касби пурифтихор, заҳматталаб, ниҳоят мушкил аст, чунки ҳаёти ояндаи шахс ба омӯзгор вобаста аст. Аз ин рӯ, омӯзгор тамоми ҳаёти худро ба бачагон мебахшад. Шаб то поси шаб тайёрии дарси худро мебинад, дафтару иншоҳои хонандагони худро тафтиш мекунад. Чун субҳ шуд, ба дабистон меояд ва ба таълим додани хонандагон шурӯъ менамояд. Омӯзгор баъд аз 5-6 соати дарсӣ мондаю хаста шуда, ба хонааш бармегардад. Аз куҷо ӯ вақт меёбад, ки мақола нависад? Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як шахсро Худо дар дили ӯ касберо ҷой мекунад. Беҳуда нагуфтаанд:

                               Ҳар киро баҳри касбе сохтаанд,

                               Меҳри ӯро дар дилаш андохтаанд.

  Омӯзгори асил касби худро дӯст медорад ва ҳамеша бо тайёрӣ ба мактаб меояд, чунки ӯ мехоҳад дар назди хонандагонаш обрӯ ва эътиборе дошта бошад.         

  Ҳангоме ки ӯ аз аттестатсия мегузарад ва ӯро барои мақола надоштанаш аз аттестатсия мегардонанд ё аттестатсияашро хат мезананд, ӯ шикаста мегардад, дилгармии худро нисбат ба кораш гум мекунад. Аксарият ин ҳолатро мо дар омӯзгорони собиқадор дидаем. Он омӯзгорон ашк рехта мегӯянд: “Охир, ман категорияи олиро барои тарбияи хуб доданам, барои дарсҳои кушоди таълимӣ ва тарбиявиам гирифта будам, ки дар дарси ман намояндагони маориф ва дигар шахсиятҳо нишаста буданд.” Аммо ҳозир бошад, муаллими ҷавон 1-2 мақола навишта, соҳиби категорияи як ё олӣ мегардад. Ва ин муносибат ба кор дар куҷо рост меояд?    

  Ё ин ки омӯзгореро медонам, ки барои дидорбинии фарзандаш аз ҳисоби худаш ба Аврупо рафта буд, чун баъди баргаштан фаҳмид, ки ӯ бояд аз аттестатсия мегузаштааст, лекин, мутаассифона, категорияи олии ӯро низ гардондаанд, чунки ӯ дар аттестатсия иштирок накардааст. Магар ин дуруст аст, ки шахсе дар ин ҷо нест, лекин ту иштирок накардӣ, гуфта, категорияи олии ӯро гардонанд? Бо чунин аҳвол магар омӯзгор кор карда метавонад? Аз ин рӯ, хоҳишмандем аз шахсиятҳое, ки ба ҳамин масъала сарукор доред, якбори дигар сарҷамъ нишаста, сари ин масъала андеша ронед, ба як фикру хулоса оед, чунки оқибати ин кор натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Бигзор касе, ки ҳавасу хоҳиш дорад, мақола нависад, аммо ҳамаро маҷбур кардан чӣ лозим? Бо ин кору муносибат мо беҳтарин омӯзгоронро аз даст медиҳем. Чуноне ки дар байни халқ гуфтаанд:“Чаро инсон кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ!”.

  Ҳол он ки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромад таъкид менамоянд, ки омӯзгоре, ки таҷрибаи бойи корӣ дорад, ҳафт сол кор мекунад, даҳ сол кор мекунад, бигузор кор кунад ва ба хонандагон дониши хуб диҳад. Аммо омӯзгоре, ки ҳаваси кор кардан надорад, панҷ сол ӯро нигоҳ надоред, бигзор равад ҷойи худро ёбад. Барои шахсиятҳои аҳли фаҳм ин суханони Президенти кишвар басанда аст, зеро омӯзгор ҳар кас шуда наметавонад. Чӣ тавре ки гуфтаанд:

                               Муаллим чашми дилҳо боз созад,

                               Ҷаҳон бар одамӣ анбоз созад.

                               Муаллим он, ки дар анҷоми таълим

                               Зи шогирдани худ устод созад.

Гулсифат Юнусова, омӯзгори нафақахӯр

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *