Саиданвар Камолов:Писари ҳаром тарбия накардаам  

 

Генерали бознишаста ва собиқ раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Саиданвар Камолов хабари аз Агентии зидди коррупсия барканор шудани писараш Умед Камоловро тасдиқ кард ва гуфт, ки  ҳоло ӯ дар хона, дар Душанбе аст.

Ӯ дар сӯҳабати телефонӣ  гунаҳгор шудани писараш дар кадом ҷиноят ва даъват шуданаш ба бозпурсиҳои тафтишотро рад кард ва гуфт, «як нофаҳмие шудааст».

Камолов изҳори умедворӣ кардааст, ки баъди санҷиш ҳама паҳлӯҳои қазия, ошкор мешавадӮ  бо масъулини тафтишот сӯҳбат доштааст ва ба онҳо гуфтааст, ки агар фарзандаш каҷрафторӣ карда бошад, бояд посух диҳад. «Вале ман писари ҳаром тарбия накардаам», гуфтааст Саиданвар Камолов. Номи Умед Камолов дар матбуот дар миёни чанд корманди собиқу амалкунандаи Агентии  назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зикр шуд, ки дар давоми ду ҳафтаи охир гӯё барои «тақаллуб» ва «сӯиистифода аз мақом», боздошт шудаанд. Манбаъҳои мухталиф шумораи боздоштшудаҳоро дар маҷмӯъ аз 10 нафар бештар мегӯянд. Вале то ҳол ҳеҷ мақоми масъул дар ин замина изҳори назар накардааст. Раиси  собиқи Шӯрои амнияти Тоҷикистон генерал Амирқул Азимов боздошти домодаш, корманди Агшентии  назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Тоҷикистон Фиравс Ниёзбадаловро рад кард ва гузоришҳои матбуотиро дар ин робита «як ҳангома» номид: “Ман намедонам барои чӣ дар расонаҳо чунин навиштаанд, вале вай дар ҷои кораш аст, оҷонсӣ раис дорад, муроҷиат кунед, онҳо ба шумо мегӯянд дар куҷост, вай дар иҷрои вазифааш аст, ман аниқ медонам.” Бародари Фирдавс Ниёзбадалов — Алишер Ниёзбадалов, муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ҳам  хабари боздоштро “як дурӯғ” ва хилоф бо “меъёрҳои ахлоқӣ” унвон кард ва гуфт, ки “пахши хабари дурӯғ кори нодуруст аст”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *