Шаҳло Ҳербад-Париж-Эрон

Ту ва ман

Ба шукуфаи баҳорон,

Ба ридои поки борон.

Ба  тавозӯи бунафша,

Ба  манор ҷӯйи борон.

Ба дарахти солхӯрда,

Ба парандае, ки мурда.

Ба хаёли сабзи ҷангал,

Ки раҳе ба кас набурда.

Ба ҳақиқате, ки бошад,

Ба нигоҳи кӯдакона.

Ба рисолате, ки гандум,

Бувадаш занад ҷавона.

Ба сиёҳчоли кайҳон,

Ба макони хуфта дар он.

Ба замон сафар намудан,

Ба гузаштаҳои инсон.

Ба ниҳояте, ки шояд,

Бирасад ба бениҳоят.

Ба кароту меҳрҳошон,

Ба ҳар он чӣ нест ғоят.

Ки агар ба каҳкашонҳо,

Дигаре туро бубинам.

Ба ту рӯ кунам дубора,

Ки ту меҳру ман заминам.

***

 Хоби занбақ

Аз хоби хуши занбақ, парвона гузар дорад,

Бар чеҳраи худ ашке, аз шабнами тар дорад.

Хоби сабуки ӯро хоҳад назанад барҳам,

Парвона аз он парво, аз сояи пар дорад.

То оҳи дарахтонро бишнид баҳор омад,

Оҳе, ки бирӯёнад, оҳе, ки асар дорад.

Дар хилвати сарвистон, ҳезумшикане пинҳон,

Истода дарахт он ҷо, кай бими табар дорад.

Лайлӣ,  ки ба шаб ло зад, по бар сари дунё зад,

Маҷнун зи шаби зулфаш кай раҳ ба саҳар дорад.

Дар шаҳри фаромӯшӣ, мондем ба хомӯшӣ,

Аз қофилаи ҳастӣ, ғофил чӣ хабар дорад.

Ҳар лаҳза шудам ранге, дар ҳилаву найранге,

Аз кӯча берангон, он ёр гузар дорад.

Маъшуқи даруниро, берун накунӣ пайдо,

Бо мо нашавад ҳамдам, то бар ки назар дорад.

***

 Оташ

Ба куҷо равам, ки бе ту сари боғу гулшанам нест,

Ки раҳе аз ин замистон, ба баҳори равшанам нест.

Туву ин ҳама ситамҳо, ки ба ҷони худ харидӣ,

Ману ҷойи захмҳоям, чӣ кунам, ки бар танам нест.

Зи либоси меҳрварзон ба дар омадам, ки дигар,

Шудаам бараҳна бе бар, хабаре худ аз танам нест.

Ту дубора гар биёӣ ҳама боғ сабз гардад,

Ба ҷуз оташе ба ҷоят, ба миёни хирманам нест.

Ба фалоти меҳр гӯйӣ шуда чира зангии шаб,

Ҳама аз ҳама ба пурсиш, зи чӣ меҳри равшанам нест.

***

Поиз   

Оё ману дарахт,

Дар боғи ин замон,

Таъбире аз ҳақиқати як ҳарф нестем.

Ӯ дар хазон, ҷомаи заррин даридааст,

Чун шуъла, боғ ба оташ кашидааст.

Ман аз нигоҳ бар ишқи сурхи ӯ,

Гӯйӣ  миёни оташу об афтодаам.

Дил бар суруди шоири поиз додаам,

Ё масти бодаам!

***

Дар карона

Аз хокистари абр,

Парандаҳои оташин мерӯяд,

Ва бод онҳоро парвоз медиҳад.

Фонуси дарёӣ саргардон мечархад,

Киштӣ дар лангар хамёза мекашад,

Ва ту бараҳна дар баробари офтоб.

***

 Ишқ   

Чанд барге монда гар аз дафтарам,

Менависам боз бар он номи ишқ.

Ишқ меборад чу борон бар сарам,

Кӯси расвоӣ занам аз боми ишқ.

Медавам дар сарзамини бехудӣ,

То магар гардам раҳо аз доми ишқ.

Барф пӯшида заминро сар ба сар,

Гарм мебояд задан аз ҷоми ишқ.

Шуд чароғи роҳи ман чашмони гург,

Вой аз ин савдои бефарҷоми ишқ.

شهلا هیربد- پاریس — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *