Саидхуҷа Хайруллозода: Ба миллату давлат ва Пешвои худ содиқ бошем
Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб мешавад. Маҳз ин ду арзиши олӣ имкон дод, ки бо истифода аз арзишҳои эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд. Ҳамчунин, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлатдории миллиямон заминаи мусоид муҳайё гардид.
Дар давоми беш аз се даҳсола, ки аз марҳилаҳои гуногун иборат аст, мо роҳи мураккаб ва душвору заҳматталабро ифтихормандона паси сар намуда, бо устуворгардонии пойяҳои давлату давлатдорӣ ва бо қабулу татбиқгардонии ҳадафҳои стратегӣ заминаҳои Тоҷкистони пешрафта ва ҳамашумулро ба миён гузоштем.
Мо шоҳидем, ки Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлол ба ноамниву бесуботӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар натиҷаи муборизаҳои бехирадонаи сиёсӣ мамлакат ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Тавре ки борҳо таъкид гардидааст, бар асари ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол зиёни азим дида, дар ҳолати нестшавӣ қарор дошт. Аммо дар ин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ барои миллати тоҷик нафаре лозим буд, ки худро фидо кунаду миллатро сарҷамъ. Хушбахтона, зимни баргузории Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии ҶТ, таърих дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки дар замираш ҷасорат, садоқат ва муҳаббат ба халқу ватан будааст. Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу заҳмати хешро барои поён бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳ ва ваҳдати халқи тоҷик равона сохтанд. Маҳз бо фидокориҳои ин абармарди таърих ваҳдату субот дар кишвар таъмин гардид.
Ёдовар мешавем, ки бо баргузории мархилаҳои музокира, ки даври охирини он ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайғоми сулҳро ба мардуми шарифи кишвар эълон карданд.
Ҷихати пойдори субботу амният ва бехтаргардонии ҳаёти ичтимоию иқтисоди дар кишвар Хукумати Ҷумҳурии Точикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегиро интихоб намуд, ки амалишавии онҳо зина ба зина боиси пешрафти иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони мамлакат гардид.
Ин аст, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ иқтисодиёти мамлакат беш аз пеш ба низоми навини бозаргонӣ мутобиқ гардида, пешрафти босуботро касб намуд. Дар ин солҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ ҳам бо маблағҳои дохилӣ ва ҳам бо сармоягузории хориҷӣ бунёд гаштанд ва иловатан даҳҳо ҳазор ҳамватанон бо кор таъмин шуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбарии худ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуда, бо интихоби «Сиёсати дарҳои боз» ҳамчун сиёсати мувафақ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ҳамкориҳои судманди сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва гуманитариро бо кишварҳои дуру наздик ба роҳ монд. Имрӯз кишварҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташабускори ҳалли масалаҳои ҷаҳонӣ, ваҳдатофар, амнтарин ва рушду пешрафта аз лиҳози иқтисодиёт мешиносанд ва эътироф менамоянд.
Аз ҷониби дигар, раванди зудтағирёбандаи ҷаҳони муосир, авҷи бозиҳои геопалитикии қудратҳои ҷаҳонӣ ва ҷангҳои пуршиддати иттилоотӣ моро водор месозад, ки аз пештара дида, дар ҳифзи суботу амният ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ бошему барои пешрафти кишвар пайваста талош намоем. Ҳифзи ин дастоварди бузург, ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он, хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.
Аз ин хотир, дар чунин шароит моро лозим аст, ки бо эҳсоси ватандӯстона ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳамеша баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлоли Ватан андеша намоем ва ба миллату давлат ва Пешвои худ содиқу фидокор бошем.
Саидхуҷа Хайруллозода, сардори Раёсати муҳосиботи
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ