Саидзодаро чаро бозпурсӣ мекунанд?

 Қурбон Тағай Саидзода, муовини раиси ҳукумати шаҳри Душанберо шоми 28 май ба Агентии мубориза бо коррупсия бурдаанд. Саидзода, ки дар шаҳрдории Душанбе роҳбарии умури нақлиётро бар ӯҳда дорад, аз ҷониби муфаттишони Агентии зидди коррупися бозпурсӣ шуда истодааст. Гуфта мешавад, бозпурсии Саидзода ба қарордоди хариди автобусҳо аз Туркия рабт дорад.

Сомонаи «Ахбор” хабар додааст, ки шоми 28 май Саидзода Қурбон Тағай, муовини раиси ҳукумати шаҳри Душанбе дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҳти бозпурсӣ қарор дода шуд.

Мақомоти Агентӣ аз ироаи ҳар навъ ҷузъиёт дар ин бора худдорӣ мекунанд, вале аз ишораҳои муфаттишон бармеояд, ки Саидзода дар робита ба қарордоди хариди автобусҳо аз Туркия ва мушаххасан пиромуни нархи ин автобусҳо таҳти бозпурсӣ қарор дода шудааст. Соли 2017 ҳукумати шаҳри Душанбе бо харҷи қариб 5 миллион доллар 50 автобуси тамғаи ҷопонии «Исузи”-ро аз Туркия ворид кард. Нархи ҳар автобус 85 ҳазор евро гуфта меСаидзода, ки муомилаҳо ҷиҳати харидории ин автобусҳо дар масъулияти ӯ буд, гуфт, ки шаҳрдории Душанбе имсол боз 100 автобуси дигар аз ширкати туркии автобуссозӣ мехарад. Ҳамчунин бо ин ширкати «Акиа” ҷиҳати бунёди як корхонаи ҷамъубасти автобусҳо дар худи Душанбе тавофуқ шуда буд. Қарор буд, дар ин корхона ҳар сол то 300 автобусро ҷамъубаст шавад.шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *