«Салам, Масква” аз 21 март пахш мешавад

Рӯзи 21 март Шабакаи якуми телевизиони Русия ба пахши сериали «Салам, Масква” оғоз мекунад. Ин сериали иборат аз 16 бахш дар бораи ҳаёти муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик аст, ки дар солҳои охир ба як бахши ногусастании зиндагии пойтахти Русия табдил ёфтаанд.

Коргардони сериали «Салам, Масква” Павел Бардин барои иҷрои нақши муҳоҷирони тоҷик аз ҷумла ду ҳунарпешаи узбеку тоҷики муқими Маскав Фарҳод Маҳмудов ва Сайёра Сафарӣва ҳамчунин мардикорони оддӣ аз Тоҷикистонро ҷалб кардааст.

Аммо нақшҳои асосии ин сериал – кормандони шӯъбаи «миллӣ”-и пулиси Маскав Рустам аз Доғистон ва Саня аз Маскавро ҳунарпешаи чечен Алӣ Алиев ва Александр Голубков иҷро мекунанд. Рустам ба далели қаробати хуниаш нисбат ба мардуме, ки чархи рӯзгор онҳоро ба пойтахти Русия афкандааст, аз оғози сериал дилсӯзӣ нишон медиҳад, вале Саня дар оғоз ҳамчун як пулиси бегонабадбин ва то ҳадде миллатгаро намудор мешавад. Аммо бо гузашти вақт ва ошноии бештар бо зиндагии мардуми муҳоҷир дар дили Саня низ нисбат ба ин қишри беҳуқуқ, бепуштупаноҳ ва баргаштабахт эҳсоси дилсӯзӣ пайдо мешавад.

Ҳар серияи «Салам, Масква” қиссаи алоҳидае дар бораи муҳоҷирон аз Доғистон, Чеченистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Молдова, Ветнам ва кишварҳои дигар аст.

Бардин барои ин сериал асосан ҳунарпешаҳои то ҳол номатраҳро ҷалб кардааст. Ба ақидаи ӯ, ҷалби чеҳраҳои ошно воқеъияти сужаи филмро зери суол мебурд.

Павел Бардин мегӯяд, барояш аз ҳама мушкил пайдо кардани ҳунарпешаҳои касбӣ аз намояндагони миллатҳои асосии муҳоҷирфирист, бахусус аз байни ветнамиҳо буд ва ба ин далел, барои иҷрои нақши ветнамиҳо ҳунарпешаҳо аз Бурятия ва ҳатто аз Узбекистонро ҷалб кард. Онҳо барои иҷрои табиитари нақши қаҳрамонҳои худ маҷбур шудаанд, дар як муддати кӯтоҳ ҳатто асосҳои забони ветнамиро биомӯзанд.

Павел Бардин мегӯяд, «қаҳрамонҳои аз ҳама пуробуранги мо тоҷикҳову чеченҳову доғистониҳо ва ветнамиҳоянд, ки рақсҳои миллии худро дар филм адо мекунанд, бо забонҳои худ ҳарф мезананд, ё русҳо, ки гоҳо ба русӣ дашном медиҳанд.”

«Салам, Москва” дар ниҳоят ба зеҳни тамошобин ақидаеро талқин мекунад, ки дар байни ҳар қавм ҳам одами бад ҳаст ва ҳам одами хуб ва набояд ҳамаро бо як чашми манфӣ дид. Павел Бардин гуфт, «танҳо роҳи мубориза бо бегонбадбинӣ, ки ман дар даст дорам, сохтани филм аст, то асли мушкилро тавассути сарнавиштҳои мушаххас бифаҳмам ва бифаҳмонам.”

«Салам, Москва” соли гузашта дар ҷашнвораи «Дебют” ҷоизаҳо барои беҳтарин филмнома ва барои беҳтарин кори наворбардориро ба даст овард ва ҳоло яке аз довталабони «Ника” – мӯътабартарин ҷоизаи синамои Русия ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *