Саломи ман бе падруд аст. Гузориш аз таҷлили 60-солагии устод Фарзона дар Теҳрон
27-уми январи соли равон дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон 60-умин солгарди зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ бо шукуҳи хоса таҷлил шуд. Ин ҷашнвора бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва Муассисаи фарҳангии “ЭКО” баргузор гардид.
Дар ин маҳфил устод Фарзона бо ҳамсараш Шоири халқии Тоҷикистон Толиби Озарахш ҳузур доштанд. Аз Муассисаи фарҳангии “ЭКО” хабар медиҳанд, ки дар бузургдошти 60-умин солгарди мавлуди Фарзонаи Хуҷандӣ як зумрадипломатҳо, шоирон ва донишмандони тоҷику эронӣ суханронӣ намуда, аз ҷойгоҳи Фарзона дар шеъри муосири форсӣ ва осори ӯ дар ҳалқаи пайванди Эрону Тоҷикистон суҳбат карданд.
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, дида мешавад, ки дар маҳфили мазкур Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, раиси МФ “ЭКО” Саъд Хон, сафирони собиқи Эрон дар Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ ва Алиасғари Шеърдӯст, адибон Шоҳмансури Шоҳмирзо, Алиризо Қазва, донишмандон профессор Абдунабӣ Сатторзода, Нурмуҳаммад Нурниё, Иброҳим Худоёр, Ҳомид Меҳрад, Суҳайло Юсуфӣ суханронӣ намудаанд. Ҳамчунин, Борон Некандеш, ровии “Шоҳнома” ашъори Фарзонаи Хуҷандиро қироат карда, ҳунармандони эронӣ барномаҳои мусиқӣ иҷро намудаанд.
Шаҳмансури Шоҳмирзо, яке аз дастандаркорони ин маҳфил ва гардонанда дар суханронии ифтитоҳии хеш шоирони маъруфи тоҷик Фарзонаву Озарахшро ба Теҳрон хайрамақдам гуфта, онҳоро ба ду рӯд монанд кардааст, ки “аз манбаъҳои зулол сарозер шудаанд ва дар миёни ҷамъ чун ду шамъи фурӯзон осмони маърифатро равшан месозанд”.
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон дар суханронии хеш таҷлили мавлуди Фарзонаро дар Эрон василаи муҳими таҳкими равобити фарҳангии Тоҷикистону Эрон арзёбӣ намуда, дар мавриди ҷойгоҳи ӯ дар адабиёти муосири тоҷик гуфтааст: “Ашъор ва корномаи адабии Фарзона гувоҳ бар он аст, ки дар шахси эшон имрӯз мо дар адабиёти тоҷик шоиреро дорем, ки рисолаташро дар сурудани шеъри асил, шеъри ҳомили паёмҳо ва башоратҳои инсонсоз ва миллатсоз, шеъри бозгӯкунандаи дардҳои ахлоқиву маънавии инсон ва ҷомеа ва шеъри ҳидояткунанда ба ислоҳу салоҳи иҷтимоӣ дониста ва дар иҷрои ин рисолат ба тавфиқ даст ёфтааст”.
Саъд Хон, раиси Муассисаи фарҳангии “ЭКО” дар суханронии худ шеъри Фарзонаро паёми муҳаббат ва дӯстии байни миллатҳо арзёбӣ карда, аз ҷумла қайд кардааст: “Бону Фарзона аз шумори хубони порсигӯ аст, ки ашъораш дар тамоми ҳавзаҳои форсигӯ ва берун аз он бо ишқу эҳтиром қироат мегардад. Шеъри ӯ паёми муҳаббат дорад, ки қалбҳоро ба ҳам мепайвандад”.
Донишманди маъруфи тоҷик, узви Фарҳангистони забону адаби форсӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар суханронии маҷозии хеш аз маҳбубияти Фарзонаи Хуҷандӣ дар Эрон ёдовар шуд: “Чанд сол пеш ба камина насиб гардида буд, ки дар шеърхониҳои Фарзонабону дар Тӯс, дар пояи ҳайкали Фирдавсии бузург ва дар Нишопур, дар толори бузурге ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии Хайём ҳузур дошта бошам ва шоҳиди он бошам, ки чӣ тавр эрониён ба эшон ва шеърашон алоқамандии фавқулода доранд. Ва дар ин охирҳо дидам, ки иштироки эшон ва суханронии шоирона ва олимона ва шеърхониашонро дар маҳфили Ойини бузургдошти ҷаноби оқои Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, Сафири кабир ва беҳамтои Эрон дар Тоҷикистон донишмандон ва фарҳехтагони эронӣ бо чӣ шӯру шавқ истиқбол намуданд”.
Профессор Абдунабӣ Сатторзода дар суханрониаш гуфт, ки то кунун намунаи шеърҳои Фарзонаи Хуҷандӣ ба алифбои форсӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он дар 11 муҷаллади хурду бузург ба нашр расидаанд. Аз он ҷумла дар Эрон маҷмӯаи шеърҳои шоир бо унвони “Паёми ниёкон” (1375/1996), “Сӯзи нотамом” (1385/2005), “Набзи борон” (1391/2013) ва “Аз Балху Ҳинду Шероз” (1400/2022) ва дар Афғонистон бо номи “Худои муштарак” (2024) чоп шудаанд. “Аммо бамаврид аст бароятон бигӯям, ки алоқамандон ва дӯстдорони шеъри Фарзонабону дар Эрон ва Афғонистон зиёдаанд ва чашмбароҳи китобҳои тоза ба тоза ва комилтари эшон мебошанд”,- таъкид кард профессор Сатторзода.
Алиасғари Шеърдӯст, сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон шеъри Фарзонаро яке аз муъҷизаҳои адабиёти муосири форсӣ номида, Алиризо Қазва, раҳбари Маркази мусиқӣ, шеър, суруд, садо ва симои Эрон эҷодиёти Фарзонаро ҳамчун шеъри пурмуҳаббат тавсиф намудааст.
Нурмуҳаммад Нурниё, роҳбари маркази адабии “Дигар” дар Балх, Иброҳим Худоёр ва Ҳомид Меҳрад, устодони донишгоҳ низ дар суханрониҳояшон аз ҷойгоҳи Фарзона дар адабиёти муосири форсӣ суҳбат карда, доир ба шеъри Фарзона андешаҳояшонро ироа намудаанд.
Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ китоби “Ҳумоюннома” рӯнамоӣ гардид. Ин маҷмӯа фарогири шеъру мақола ва ёдномаҳоест, ки дар сӯги фарзанди ҷавонмарги Озарахшу Фарзона — Ҳумоюн таълиф шудаанд. Китоби мазкур соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд нашр шуда буд. Он дар Теҳрон бо вероиши Нуралӣ Нурзод ва бо эҳтимоми Суҳайло Юсуфӣ дар нашриёти “Хирадгон” бознашр гардид.
Дар охири маҳфил Фарзонаи Хуҷандӣ ба дастандаркорони баргузории маҳфил арзи сипос намуда, ба ҳамаи ташкилкунандагон ва ширкатварзидагон изҳори сипос намуда, гуфт, ки “саломи ман ба унвони якояки шумо бе падруд аст” ва ин ғазали машҳурашро қироат кард:
Аз номи ман ба номи ҷавонӣ салом гӯ,
Бар он азизи сабзнишонӣ салом гӯ.
Бар офтоби лаълваши тоқи азрақӣ —
Бар шаҳнигини тоҷи каёнӣ салом гӯ.
Борон чакиду боғу чаман бӯсамаст шуд,
Бар хоки масти бӯсаситонӣ салом гӯ.
Бар он ки санги бухлу ҳасад мезанад ба мо,
Нав — нав бибар паёми амонӣ, салом гӯ.
Ишқ аст аввали ману ишқ аст охирам,
Бар аввалу ҳамешаву сонӣ салом гӯ.
Мо меравему баъд ба асри сиву чиҳил,
Аз номи мо, агар битавонӣ, салом гӯ.
Аз номи ман ба нағзтарин одами ҷаҳон —
Бар худ, аё ҳабиби ниҳонӣ, салом гӯ.
О. СОҲИБЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ