Саломзода раиси ноҳияи Данғара таъин гардид
Сиҷоуддин Саломзода, раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таъин гардидааст. Ӯ то ин замон муовини шаҳрдори Душанбе буд.
Сиҷоуддин Саломзода, раиси тозатаъини ноҳияи Данғара дар ин мақом, Раҳмон Исломиддин Хайриддинро иваз кардааст. Ҳоло барои мо маълум нест, ки Раҳмон Исломиддин Хайриддин, ҳамакнун раиси собиқи ноҳияи Данғара ба кадом вазифа таъин гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ