Сарваршоҳ Азимов донишҷӯйи беҳтарин дар Русия шуд

Сарваршоҳ Азимов беҳтарин донишҷӯйи соли 2023 дар Русия дониста шуд. Номбурда хатмкардаи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор аст.

Комиссияи озмуни «Донишҷӯи сол — 2023» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия даври ниҳоии озмунро баргузор ва беҳтаринҳоро муайян намуд.

Дар натиҷа мувофиқи қарори комиссияи озмун аз рӯи холҳои бадастоварда ҷойи аввалро Сарваршоҳ Азимов, донишҷӯи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии шаҳри Москва соҳиб гардидааст.

Гуфта мешавад, ки озмуни «Донишҷӯи сол — 2023» байни донишҷӯёни тоҷикро, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия таҳсил менамоянд, Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо дастгирии Сафорат ва Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия ташкил ва баргузор намуд.

Бино ба иттилои «Ховар», мақсад аз баргузории озмун дарёфти чеҳраҳои нави ҷавонони лаёқатманди тоҷик дар Русия, муаррифии ҷавонони соҳибистеъдод, муттаҳид намудани ҷавонон дар хориҷи мамлакат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо, муаррифии чеҳраҳои нав дар соҳаҳои гуногун дар байни донишҷӯён мебошад.

Беҳтарин донишҷӯёни сол бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *