Самбочиёни тоҷик се медал гирифтанд

Варзишгарони тоҷик баҳри дарёфти Ҷоми раиси FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо), ки рӯзи 2-юми сентябр дар шаҳри Донҳэи Кореяи Ҷанубӣ шурӯъ шуд, дар гуштигирии самбои размӣ се медал – як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ – ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Тоҷикистонро се варзишгар – Разавӣ Навбаҳоров, Шаҳром Шералов ва Алиҷон Ҳусайнов – намоянда мебошанд. Ҳар се паҳлавони тоҷик рӯзи 3-юми сентябр дар шаҳри Донҳеи Кореяи Ҷанубӣ дар намуди самбои варзишӣ барои Ҷоми раиси FIAS талош мекунанд.

Разавӣ Навбаҳоров дар вазни то 57 кило, ки бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар паҳлавони қазоқ Кайирбердӣ Ойдинбоев пирӯз шуд ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар қувваозмоии ҳалкунанда гуштигири муғул Баяарсайхан Мунхбатарро шикаст дод ва барои ҷойи аввал бо медали тилло мукофотонида шуд.

Шаҳром Шералов дар вазни то 68 баъди пирӯзӣ бар рақибаш Ҷинсук Ҷунги кореягӣ ба финал баромад, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Николай Ковтуни русиягӣ мағлуб шуд ва барои ҷойи дувум соҳиби медали нуқра гардид. Алиҷон Ҳусайнов низ дар рақобатҳо дар вазни зери 68 кило ширкат дошт. Ӯ барои ҷойи севум медали биринҷӣ гирифт.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми раиси FIAS беш аз 120 варзишгар аз Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Руминия, Русия, Тайван, Узбакистон, Ҳиндустон ва Ҷопон иштирок доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *