Самиева аз қарори суд нисбати Иноятзода розӣ нест
Дилором Самиева, ҳамсари Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб, нимаи дуюми рӯзи 30 декабр дар назди бинои суди минтақаи Кӯлоб эътироз кардааст. Дилором Самиева мегуфтааст, ки “маро ҳамроҳ бо шавҳарам зиндонӣ кунед, беинсофҳо”. Баъдан посбонҳо ӯро аз назди бино дур меекунанд. Самиева иҷозати мулоқот бо шавҳари зиндониашро талаб кардааст. Баҳром Иноятзода моҳи июни соли ҷорӣ дастгир ва 20 ноябр бо ҷурмҳое, чун суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани пора, аз худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Иноятзода баъди эълони ҳукмаш дар толори суд гуфт, ки дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ вуҷуд надоштааст. Боздошти Иноятзода дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ дар аввали сол дар нишасти хабариаш аз Бег Сабур барои насупоридани андоз интиқод карда буд. Ӯ ҳоло аз болои ҳукмаш ба Суди олӣ шикоят навиштааст. Наздиконаш мегӯянд, аз моҳи июн ба ин тараф ягон бор ба онҳо иҷозати мулоқот бо Баҳром Иноятзодаро надодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ