ШОН МС

Самти нави фаъолияти Шаҳбоз дар “Ютуб”

Шаҳбоз Шарифов, ки то чанде пеш бо тахаллуси Шон МС рэп мехонд ва инак, зиёда аз як моҳ мешавад, ки тарки соҳаи рэп кардаву ба таҳияи наворҳои тарбиявӣ машғул аст, ин навбат доир ба мушкилоти зани бешавҳаре, ки бо ду кӯдакаш дар нимароҳи зиндагӣ мондааст, видео пахш намуд.

Дар аввали навор Шаҳбоз ба обуначиёнаш қиссаи исломие баён карда, дар пасманзари он мегӯяд, ки ҳар нафар то қадри имкон ба қаҳрамони навораш, ки дар истгоҳи қатораҳо “кукуруз” мефурӯшаду ду фарзандро бесарпаноҳ нигоҳубин мекунад, кумак кунанд.

Сипас, модари ҷавон аз ҳамаи мардуми саховатманд ва дастбахайр хоҳиш мекунад, ки барои харидани хонае ба ӯ ва фарзандонаш кумак намуда, онҳоро аз азоби бехонагӣ раҳоӣ бахшанд. Инчунин, гуфта мешавад, ки ҳар нафар метавонад ба корти шахсии қаҳрамони навор кумаки худро гузаронад ва шахсан бо худи ӯ дар тамос шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *