Леонел Месси

Саҳифаи Мессиро дар “Инстаграм” маҳкам карданд?

Тибқи иттилои дастрас, саҳифаи “Инстаграм”-и футболбози беҳамтои ҷаҳон Лео Мессиро маҳкам кардаанд.

Тавре сомонаи Sports.ru менависад, як муддат саҳифаи Лео Мессиро барои аз меъёр зиёд омадани паёмҳо ба суроғааш маҳдуд кардаанд.

Футболбоз ҳам дар “Инстаграм” ишорае кардааст, ки барои хондани ҳама паёмҳо вақташ намерасад ва инчунин ба шарҳ навиштану дар шарҳҳо ҷавоб додан хуш надорад.

Ёдовар мешавем, ки “пост”-и Лео Месси пас аз ғолибияти Чемпионати ҷаҳон “Қатар-2022” аз рӯи “лайк” дар “Инстаграм” рекорд гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *