Санҷиш дар мактабҳои Душанбе (аксҳо)
Як санҷиши масъулини маорифи шаҳри Душанбе муайян кард, ки дар чанд муассисаи таълимӣ хонандагон ба дарс дер ҳозир мешаванд.
Гуфта мешавад, ки 12 декабр масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз муассисаҳои таълимии №90, №91 н. Сино, №2, 107, 110 н. Шоҳмансур, №51, 72 н. Фирдавсӣ ва муассисаҳои таълимии №1 ва Гимназияи ба номи А.Ғуломови н. И. Сомонӣ дидан намуданд.
Зимни боздид аз муассисаҳои зикргардида маълум гардидааст, ки раванди назорати дохили муассиса ба таври назаррас ба роҳ монда нашуда, омадани хонандагону омӯзгорон то 9:00 идома дошт.
“Пӯшидани либоси тавсиявӣ аз ҷониби хонандагону омӯзгорон пурра риоя нагардида, аксари хонандагон дар дарсҳо бе лавозимоти хониш, аз қабили китобу дафтари дарсӣ ва рӯзнома иштирок доштанд”,-иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ