Санаи ба Тоҷикистон омадани президенти Туркманистон маълум шуд

Субҳи имрӯз ба Pressa.tj иттилоъ доданд, ки президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов рӯзи 10-уми апрел ба Душанбе ташриф хоҳад овард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, сафари расмии роҳбари Туркманистон ду рӯз идома ёфта, гуфта мешавад, ки мавзуи асосии он баррасии масъалаҳои мубрам дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра мебошад.

Ҳамчунин, рӯзи 7-уми апрел дар Душанбе ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорону тоҷирони ҳарду кишвар баргузор мешавад. Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиш як силсила санадҳои дуҷониба дар бораи ҳамкориҳои доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ба имзо расанд.

Pressa.tj тасмим дорад, ки ин сафари расмиро пайгирӣ карда, аз раванди он ба хонандагони худ иттилоъ диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *