Донишгоҳи миллӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузарад

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг  (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР) комиссияи экспертии Агентии мазкур ба донишгоҳ ташриф оварда, барои гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ба кори худ оғоз намудааст.

Бино ба иттилои ДМТ, қаблан комиссияи экспертӣ бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. вохӯрӣ намуда, дар самти баргузории аккредитатсия табодули афкор намудаанд.

Гуфта шудааст, ки ихтисосҳои кори тиббӣ-ташхисӣ ва кори табобатии факултети тиббӣ, ихтисоси дорусозии факултети фарматсевтӣ, ихтисоси муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносии факултети ҳуқуқшиносӣ, ихтисоси молия ва қарзи факултети молиявию иқдисодӣ, ихтисоси механикаи факултети механикаю математика, ихтисоси химияи факултети химия, ихтисоси физикаи факултети физика ва ихтисоси биологияи факултети биология аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаранд.

— Кори комиссияи экспертӣ тибқи барнома аз вохӯрӣ бо ректори донишгоҳ, суҳбатҳо бо муовинони ректор, сардорони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва садорати факултетҳои марбутаи донишгоҳ оғоз ёфт, ки дар он экспертони хориҷӣ низ тариқи маҷозӣ иштирок намуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *