Санам Анбарин — Афғонистон — Олмон

Сӯзи дил…

Ба худойи шаб бигӯ то ба раҳам ситора резад,

Ба шаби сиёҳи бахтам шафақи дубора резад.

Ба даруни синаи ман гули оташест бар по,

Чӣ шигифтӣ аст аз дил, агараш шарора резад.

Чӣ шудаст ё илоҳӣ дилӣ танги осмонро,

Ки ба ҷойи қатраборон, ҳама сангпора резад.

Ману ин ҳисори тира, чӣ қадар паре бирезам,

Ки дили қафас бисӯзад, ки худой чора резад.

***

 Қосидак  

Бар пардаҳои шаб ту бизан тори қосидак,

Сар кун ҳадиси лаҳзаи дидори қосидак.

Чун боди раҳ бибар ба убури гузорҳо,

Тай кун ҳудуди фосила як бор қосидак.

Аз шаҳри офтоб бароям чироғ ор,

Равшан намой нимаи шаб тори қосидак.

Даврам бигарду боз ба гӯшам бихон, бихон,

Номаш ҳазор бор ба такрор қосидак.

Чашмам барои омаданат монда мунтазир,

Оё шавӣ ба кӯча падидор қосидак?

***

Фасл хомӯшона шикаст …

Ман такдарахтам, холии бебарг,

Латанг,

Дилсард.

ки фаслам …

Ҳама  дард,

Ҳама ёс,

Ҳама сард …

Ва ту, эй боғбон, чӣ хоҳӣ чид!?

Ки бар шохаам ҷуз андӯҳ намерӯяд.

***

 Ҳавои ту…

Дилам ҳар лаҳза мебофад хаёли нозанини ту,

Нафас дар сина медӯзад намои нозанини ту.

намедонам кадомин шуъла дар чашми ту печида,

Шарар мерезад ҳар дам нигоҳи оташини ту.

Туи Фарҳоди шабҳои хаёлам, ки мехоҳам,

Шавам Ширини ту, Ширин, ёри ҳамнишини ту.

Ба гӯши дил садои ту , ба ҳар фаслам ҳавои ту,

Кадомин қиссаро хонам, ки гардад он яқини ту.

Ғубори ғусса печида ба килки дил, азизи ман,

Сулаймон шав, ки мехоҳам шавам нақши нигини ту.

صنم عنبرین- افغانستان- آلمان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *