Санду аз интихобот норозист

Номзад ба президентии ҷумҳурии Молдова аз нерӯҳои ҷонибдори Аврупо Мая Санду тасмим дорад, натоиҷи интихоботро, ки дар он бинобра маълумоти пешакӣ рақибаш Игор Додони сотсиалист пирӯз шудааст, дар суди Конститсионӣ баҳс кунад.

Санду дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ӯ интихоботро «на озод мешуморад, на одилона». Номзади аврупогаро дар Фейсбук навишт, ки далелҳои нақзи интихоботро дар ихтиёри суди конститутсионӣ қарор медиҳад ва дар ин роҳ аз ҳама роҳҳои қонунӣ истифода мекунад.Мояи нигаронии тарафдорони Санду ин аст, ки дар баъзе ҳавзаҳои интихоботии хориҷи кишвар, ки аз номзади аврупогаро ҳимоят мекунанд, баргаҳои раъйдиҳӣ ҳозир набуданд.Бинобар маълумоти Кумиссиюни Марказии Интихобот, Игор Додон, ки сиёсати наздикшавӣ бо Маскавро пайгирӣ мекунад, бо 70 ҳазор раъй аз Санду пеш гузаштааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *