Саодат Азизова:Зиёрати ҳаҷ маро одами дигар кард
“Ин туфлиҳоро ба ту кӣ гирифт? Тағоят? Бачаҳои худаш пои лучу ба ту туфлӣ гирифтааст?! Канӣ, туфлиҳоро оварда, тез ба ин ҷо мон, сағераи бепадар…”
Ин лаҳза аз силсилафилми телевизионии «Дар орзуи падар» аст, ки аз рӯйи асари нависандаи маъруфи тоҷик Кароматулло Мирзоев ба навор гирифта шудааст. Нақши янгаи золими Меҳрубонро дар филм Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Саодат Азизова мебозад. Лаҳзае, ки янгааш туфлиҳоро аз пойи Меҳрубони ятимча кашида мегирад, чунон дарднок ва риққатовар аст, ки дар чашмони тамошобин донаҳои ашк ҳалқа зада, дар дилашон нисбати янгаи Меҳрубон оташи нафрат аланга мезанад.
Имсол Саодат Азизова ба зиёрати “Хонаи Каъба” мушарраф гашта, ҳоҷибибӣ шуданд. Дар асл ин зани сар то по ҳунар чӣ гуна инсон аст? Саодат Азизова чӣ тавр ба олами санъати театрӣ қадам гузоштааст? Ин зани машҳур як умр ҳамчун малика бе ғам зистааст ё лаҳзаҳои душвор низ дар ҳаёташ вуҷуд доштанд? Муносибати хушдоманаш бо Саодат чӣ гуна буд ва имрӯз худи ӯ бо келинҳояш чӣ тавр муносибат мекунад? Зиёрати Ҳаҷ дар ҳаёти ин зани ҳунарманд чӣ дигаргуниҳоро ба вуҷуд овардааст? Барои ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб ёфтан, мо бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саодат Азизова ҳамсӯҳбат гаштем.
Янгаи Меҳрубонӣ? Ман ба ту шир намедиҳам!
“Мо дар маҳаллаи 104 зиндагӣ мекардем. Ҳамон шабу рӯзҳое, ки филми “Дар орзуи падар” тариқи телевизион намоиш дода мешуд, боре субҳ барои харидани шир ба бозорча рафтам. Хостам аз як зани калонсол шир харам, вале зан бо нафрат ба рӯям нигоҳ карда гуфт: “Ту ҳамон янгаи Меҳрубон нестӣ?! Бисёр занаки сангдилу беинсоф будаӣ, охир чӣ хел дилат шуд, ки туфличаҳоро аз пойи як бачаяки сағера кашида гирӣ?! Рав, ман ба ту шир намедиҳам. Садқаи одамгарӣ шавӣ…” Хандида гуфтам, ки ман актрисса ҳастам ва бо ин нақшам рафтору кирдори ғайриинсонии занҳои золимро тасвир кардам,”-қисса мекунад Саодат Азизова.
Аз суҳбати ҳунарпеша
-Замоне, ки шумо рӯйи саҳна омадед, аксари духтарҳои деҳотӣ имконияти ба шаҳр омада, ба донишкадаҳои олӣ дохил шудан надоштанд. Ба Шумо чӣ гуна муяссар гашт, ки инқилоб намуда, актрисса шавед?
-Оилаи мо фарҳангӣ буд ва қариб ҳамаамон ба санъат шавқу рағбат доштем, вале падарам мехостанд, ки ман мисли он кас ҳуқуқшинос шавам, вале меҳри санъат ғалаба кард ва ман ба факултаи санъати Донишкадаи омӯзгорӣ, ки нав таъсис ёфта буд, дохил шудам. Ҳанӯз аз курсҳои аввал мо, аҳли гурӯҳ ҳар рӯз баъди дарс ба театри Лоҳутӣ меомадем, то ки дар машқу тамрини ҳунармандон иштирок карда, чизеро омӯзем. Аксаран то як поси шаб дар театр мемондем.
—Бахтатонро ҳам аз театр ёфтед?
-Салим Муқимро аз давраи донишҷӯӣ мешинохтам, аммо байнамон чизе набуд. Дертар, баъди аз ҳамсараш расман ҷудо шудани Салим, бо миёнаравии баъзе дӯстонамон риштаи тақдирамонро пайвастем. Азбаски шавҳарам ҷавонмарди баномус ва бофарҳангу меҳрубон буд, бо тамоми ҳастӣ дӯсташ доштам.
-Хушдоманатон ба кору бори шумо эрод намегирифтанд?
-Раҳматӣ хушдоманам инсони хуб ва зани бомаърифат буданд, вале аз рӯзи аввал дар назди ман шарт гузошта гуфтанд, ки келин, майлаш шим пӯш, вале бе поҷома гаштанатро набинам! Гапи модаршӯямро дар гӯшам ҳалқа карда, ҳамеша шим мепӯшидам ва рӯймолча баста, баъд аз хона мебаромадам.
-Модаршӯятон ба касби шумо мухолифат намекарданд?
-Не, баръакс хушдоманам тез-тез ба театр омада, намоишномаҳои маро тамошо мекарданд ва баъзан ҳатто маслиҳат ҳам медоданд.
-Келину хушдоманҳо ба ҳамдигар заҳр заданро дӯст медоранд…
-Хушдомани ман одати неш задан ё таъна кардан надоштанд, вале бисёр зани шартакигӯй буданд. Бо ҳазлу шӯхӣ ё масхараомез гапашонро мегуфтанд, масалан вақте ки писари калониамро таваллуд кардам, ба аёдатам омада, шӯхиомез аз поён дод заданд: “Саодат, акнун бача кардам гуфта, хоб рафтан мегирӣ, гӯё фақат ту таваллуд кардаӣ, мо аслан бача назоидаем…
-Шумо, як зани ҷавон, зебо, ҳунарманд ва машҳур барвақт аз бахт бенасиб гаштед, вале дубора шавҳар накардед. Чаро?
—Вақте ки шавҳарам аз дунё гузашт, ман ҳамагӣ 30-сола ва фарзанди сеюмамро интизор будам. Писари хурдиамон баъди марги падараш Салим ба дунё омад. Албатта таъмини се фарзанд барои як зани танҳо бисёр душвор аст. Раҳмати падарам пули нафақаашонро ба ману бачаҳоям мефиристоданд, бародарону хоҳаронам кӯмак мекарданд, вале ман, ки табиатан бисёр инсони боғурур ҳастам, ҳеҷ гоҳ пеши касе сар хам кардан намехостам. Буданд мардоне, ки ба ман таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд, вале ба ягонтоашон ҳатто имкон лаб кушодан намедодам. Ба хотири фарзандонам ҳатто фаррошӣ мекардам. Он солҳо мо дар хобгоҳ зиндагӣ мекардем. Саҳарии барвақт аз хоби ширинам бархоста, роҳрави биноро меруфтам, мешустам, баъд либосҳоямро пӯшида, худро ба тартиб меовардаму ба театр мерафтам ва дар саҳна нақш мебозидам. Ҳамин тавр тамоми ҳастиамро ба фарзандонам бахшида, онҳоро калон кардам, хонондам, соҳиби хонаю дар намудам.
-Чаро фарзандонатон думболи шумо рафта, ҳунарманд нашуданд?
—Ҳамаи бачаҳоям дар мактаби мусиқӣ хондаанд ва то имрӯз ҳар гоҳ, ки чамъ шавем, менавозанду месароянд, вале ман худам нахостам, ки онҳо ба роҳи санъат рафта, актёр ё навозандаю сароянда шаванд. Духтари калониам духтур аст, як писарам муҳандис, писари дигарам мисли бобояш ҳуқуқшинос шуд.
-Акнун дар ҳалқаи келину набераҳо давлати пирӣ меронед…?
—Шукри Худо 3 фарзанду 8 набера дорам. Духтари калониам бо аҳли оилааш дар Дубай зиндагӣ мекунад, писарам бо зану кӯдаконаш дар Хуҷанд, фақат писари хурдӣ бо ман аст. Аммо ҳар гоҳ, ки кӯдакон ба таътил бароянд, ба хонаи мо меҳмонӣ меоянд. “Набера мағзи бодом” гуфтани халқ беҳуда набудааст, ман набераҳоямро сахт дӯст медорам ва бисёр эрка мекунам. Лозим бошад, ҷонамро ҳам барои набераҳоям медиҳам. Бисёр вақт волидонашон норозигӣ карда мегӯянд, ки “оча, шумо кӯдаконро бисёр эрка кардаед”. Дар ҷавоб мегӯям, ҳар чизеро, ки дар вақташ ба шумоён дода натавонистам, имрӯз ба набераҳоям додан мехоҳам. Кордор нашавед. Дар вақташ хушдоманам бо набераҳояшон чунин меҳрубон буданд. Маро дӯст медоштанд ё не, намедонам, вале бачаҳоям бисёр дӯст медоштанду эрка мекарданд.
—Азбаски қиёфаатон бисёр ҷиддӣ аст, бисёриҳо гумон мекунанд, ки шумо бисёр хушдомани сахтгир ҳастед…?
-Хушдомани сахтгирам ё меҳрубон инро аз келинҳоям пурсидан даркор, вале ба куҷое, ки наравам, келинҳоямро ҳамроҳам мебарам, хоҳ дохили кишвар бошад, хоҳ сафари хориҷӣ. Ман зани ҳунарманд бошам ҳам, ба тӯю маърака ва шабнишиҳо рафтанро дӯст намедорам. Аксар вақт келинҳоро ба маъракаҳои хешу табор ва ёру дӯст равон карда, худам бо набераҳоям дар хона мемонам. Бо кӯдакдон машғул шудан ба ман кайфияти аҷибе мебахшад. Ҳавзро пур мекунам, онҳо бо шавқ оббозӣ мекунанду ман аз дидани хурсандиашон курта-курта гӯшт мегирам.
-Келинҳоятон аз ӯҳдаи ягон кор набароянд, онҳоро сарзаниш мекунед?
-Ман ҳамчун хушдоман як қонуни нонавиштаи худро дорам, як соли аввал чизе нагуфта, хомӯшона тамоми сирру асрори рӯзгордорӣ, пухтупаз ва кору бори хонаро ба келин ёд медиҳам, баъд дегу табақ ва хонаю дарро ба келин месупорам. Шукри Худо келинҳоям духтарҳои босавод ва ҳунарманданд. Аз онҳо ягон шиква надорам.
—Ба шумо муяссар гашт, ки имсол ба зиёрати Каъба рафта, ба номи баланди ҳоҷибибӣ мушарраф гардед. Зиёрати “Хонаи Худо” дар ҳаёти шумо чӣ тағйиротҳоеро ба вуҷуд овард?
-Писарам чанд сол боз орзу мекард, ки маро ба Ҳаҷ барад ва ниҳоят имсол дар моҳи шарифи рамазон ба муроди диламон расида, ба зиёрати Каъба рафтем. Ман фикр мекунам, ки инсон бояд бо тамоми вуҷудаш омода шуда, баъд ба Ҳаҷ равад. Вақте ки ҳоҷӣ мешавию аз гуноҳ, ғайбат, туҳмат ва дигар одатҳои баде, ки офаридгорро хуш намеоянд, даст намекашӣ, аз ҳаҷ кардану ҳоҷӣ шуданат суде нест. Зиёрати хонаи Худо шахсан маро комилан инсони дигар кард. Дуо мекунам, ки Худованд кулли мусалмононро ба зиёрати Ҳаҷ мушарраф гардонида, ба роҳи рост ҳидоят намояд.
—Маслиҳати шумо ҳамчун як зани рӯзгордида ба ҷавонзанҳои тоҷик?
—Ман касеро танқид карданӣ нестам, вале духтарҳои ҳозира бисёр эрка ва бетоқат шудаанд. Мехоҳанд, ки ба шавҳар баромадан баробар хонаю дарашонро ҷудо карда, бо табъи дили худ зиндагӣ кунанд, вале ин хел намешавад. Зан бояд сабур бошад. Дар вақташ мо ҳам азобҳои бисёре кашидам, аммо ба ҳамааш тоқат кардем. Меваи сабр ширин аст, агар ҷавонзанҳои мо сабур бошанд ва эҳтироми шавҳару хусуру хушдоманро ба ҷо оранд, иншооллоҳ хушбахт мешаванд.
-Барои суҳбати пурмуҳтаво ба шумо як ҷаҳон ташаккур!
Ф. Сатторӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ