Сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон баста шуд?

Чанд рӯз қабл расонаҳо хабар доданд, ки сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон барои 15 рӯз баста мешавад. Вале расонаҳои Ӯзбекистон менависанд, ки маҳдудият фақат ба шаҳри Самарқанд ҷорӣ шуда, ҳамагӣ 3 рӯз идома мекунад. Хоҳиш мекунам, ки маълумоти дақиқро ба мо расонед.

Ҳамроҳ ШОДИЕВ, ноҳияи Шаҳристон

Ба маълумоти хонандагон мерасонем, ки сарҳади Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баста нашудааст. Фақат воридшавӣ ба шаҳри Самарқанд, ки онҷо нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад, рӯзҳои 14-17-уми сентябр маҳдуд мешавад. Дар ин бора мақомоти шаҳри Самарқанд хабар додаанд.

“Моҳи сентябри соли ҷорӣ нишасти навбатии сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Аз онҳое, ки рӯзҳои 14, 15, 16 ва 17-уми сентябр ба Самарқанд омаданиянд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки сафари худро ба давраи дигар гузаронанд. Зеро дар ин рӯзҳо вуруд ба шаҳри Самарқанд маҳдуд хоҳад шуд”,- гуфта мешавад дар иттилоия.

Аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз фақат гузаргоҳи Ҷартеппа баста аст. Равуои шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт тариқи постгоҳи марзии Ҷартеппа муваққатан маҳдуд мешавад. Ин маҳдудият аз 5 то 17-уми сентябр идома хоҳад кард.  Дар ин бора нашрияи инернетии daryo.uz бо истинод ба Раёсати минтақавии гумрук хабар медиҳад. Сабаби муваққатан баста шудани гузаргоҳ таъмири асосӣ ва ободонии он бо мақсади “фароҳам овардани шароити мусоиду бароҳат барои мусофирон” маънидод мешавад. Ба иттилои нашрия, маҳдудият ҳам ба шаҳрвандон ва ҳам воситаҳои нақлиёт дахл дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *