Нурсултон боз Остона мешавад (аудио)

Гуруҳе аз вакилони ҳизби «Жана Қазоқистон» (Қазоқистони нав) пешниҳод кардаанд, ки бояд номи «Остона» ба пойтахти кишвар дубора баргардонида шавад.

“Мо онро нодуруст медонем, ки шаҳрро дар замони зинда будани шахс ба номи ӯ гузоранд. Инчунин мардум номи нави пойтахтро қабул надоранд. Аз ин рӯ, баргардонидани номи пешини пойтахт — Остона таърихан аз рӯи адолат мебошад, ки қаблан дар ин бора президенти аввал гуфта буд”,- гуфта шудааст дар изҳорот.

Номи пойтахти Қазоқистон моҳи марти соли 2019 пас аз истеъфои Назарбоев, ки тақрибан 30 сол ин кишварро раҳбарӣ мекард бо пешниҳоди Қосим Жомарт Тоқаев аз Остона ба Нур-Султон номгузорӣ шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.