Сарҳадчиён аз ҳавлии нав мухаддирот гирифтанд
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз боздошти як сокини 53-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хабар медиҳад.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи ин ниҳод гуфт, ки хизматчиёни отряди сарҳадии “Шӯрообод” дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-иктишофӣ аз дохили ҳавлии навбунёди Давлатов Сафар Неъматович махфигоҳ пайдо кардаанд: “Аз он тақрибан 15 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд. Шаҳрванд дастгир карда шуда оиди далели мазкур аз ҷониби Раёсати КДАМ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида корҳои тафтишотӣ идома доранд”.
Манбаъ мегӯяд, бино ба иттилои пешакӣ ин маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Афғонистон интиқол ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ