Трамп медонист,ки ғалаба мекунад

Дар интихоботи президентии Амрико номзад аз ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико Доналд Трампи 70- сола бо дарёфти 278 раъй ғолиб омад. Ҳиллари Клинтон номзади 69- сола аз ҳизби демократ бошад, бо дарёфти 218 раъй мағлуб гардид. Ин дар ҳолест, ки коршиносон мӯътақид баданд, ки Ҳиллари Клинтон ғолиби мутлақи интихобот хоҳад шуд.

Пас аз эълони натиҷаи пешакии овозҳо ва пирӯзии Доналд Трамп Ҳиллари Клинтон ба намояндагони ҳизби демократ, ки дар ситоди ин ҳизб натиҷаи интихоботро пайгирӣ мекарданд, гуфтааст, ки «имшаб чизе нахоҳем гуфт, бинобар ин ҳама ба хонаҳояшон бираванд».

Аммо Доналд Трамп бошад, пирӯзии расмиашро дар интихобот эълон карда, ҳамчунин муборизаҳои Клинтонро эътироф кардааст:

«Ман ӯ ва хонаводаашро барои муборизаи сахт дар интихобот табрик гуфтам. Клинтон барои мо кори зиёд кардааст ва бояд аз ӯ сипосгузор бошем. Мо бояд ба ҳайси миллати воҳид сарҷамъ шавем. Ман ба ҳар як шаҳрванди Амрико ваъда медиҳам, ки президенти онҳо мешавам. Ин барои ман муҳим аст. Барои онҳое, маро интихоб накарданду камтар буданд, муроҷиат мекунам, ки маро ҳимоят кунед, то ҳамроҳ кишварро муттаҳид созем».

Тӯли чанд моҳе, ки барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ва тарғибот ҷараён дошт, коршиносон мӯътақид баданд, ки Ҳилларӣ Клинтон ғолиби интихобот мегардад. Аммо алорағми  пешгӯйиҳои коршиносон ва назарпурсиҳои марказҳои пажӯҳишӣ ва институтҳо дар рафти интихобот, ки мустақиман тариқи расонаҳо пахш мегардид, Доналд Трамп назар ба Ҳиллари Клинтони пешсаф буд.

Субҳи 8 ноябр, пас аз он ки Доналд Трамп  бо ҳамсараш Мелани дар яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар  Манхеттен, маркази шаҳри Ню- Йорк барои ширкат варзидан дар интихобот рафт, ба хабарнигори  телевизиони «Фокс», гуфт,  ки интихобот як «ҷараёни фавқулода» буд ва мардуми Амрико низ «мардуми фавқулода» ҳастанд.

Шореҳи сиёсии «Фокс» ин суханони Трампро чунин шарҳ дод:

«Трамп тариқи онлайн рафти интихобот ва рӯҳияи мардуми Амрикоро дида, аз ибтидо дарк кард, ки ӯ ғолиб меояд».

Доналд Трамп, миллиардери амрикоӣ, ҳеҷ гоҳ дар мансаби давлатие кор накардааст ва баъзе аз коршиносони амрикоӣ дар рафти интихобот маҳбубияти ӯро дида, изҳори нигаронӣ мекарданд ва Клинтонро дар мақоми президентӣ пешбарӣ менамуданд. Зеро Ҳиллари Клинтон ҳамсари собиқ президенти Амрико Билл Клинтон, зинаҳои хидматчии давлатиро гузашта, вазири корҳои хориҷӣ ва шахси бовариноки Барак Обама дар интихоботи қаблии президентӣ буд. Аммо ба гуфти коршиноси рус Анатолий Вассерман, «баромадҳои Доналд Трамп ва барномаҳои ӯ ба амрикоиҳо хуш омад. Махсусан «манъи воридшавиии мусалмонон ба Амрико», сохтмони девори бузурги Мексикаву Амрико, ки хатарҳои суботи ин давлат аст, ӯро чун ситора маҳбуб кард. Миёни табақаи бекори Амрико низ ваъдаву барномаҳои ба кор ҷалб кардан ва таъмин кардан боис шуд, ки ӯ раъйи бештар гирад».

Ҷон Сеплер, коршиноси амрикоӣ, ки тайи чанд рӯз пирӯзии Трампро пешгӯйӣ мекард, гуфт: «Ҳукумати феълии Амрико ва ҳизби феълии ҳукмрон иштибоҳҳои зиёде кард. Дар бисёр амалиёти низомӣ шикаст хӯрд. Чандин нақшаҳояшон барбод рафт. Махсусан баъд аз он ки Обама бо Путин рақобатро шурӯъ кард, ин ба фоидаи амрикоиҳо наанҷомид. Вақте барномаи Ҳилларӣ Клинтон расонаӣ шуд, мардум диданд, ки тағйироте сурат намегирад, яъне ҳамон гапҳои куҳна».

Дмирий Уваров, коршинос ва журналисти рус баробари эълон анҷоми раъйдиҳӣ ва пирӯзии Трамп дар саҳифаи фейсбукиаш навишт:

«Шукр! Агар Клинтон президент мешуд, муносибати Амрико ба Русия шадид мегардид. Яъне, аз ин ба касе фоида набуд. Трамп Путинро дӯст медорад, маҷнуни барномаву ташаббусҳояш аст. Қудрати ӯро эътироф мекунад. Яъне, метавон бовар кард, ки агар ӯ президент шавад, муносибатҳо нарм хоҳанд шуд».

Ҷараёни интихоботи  Амрикоро дар «Гӯшаи амрикоӣ» дар Тоҷикистон низ пайгирӣ карданд. Дар он  хабарнигорон ва дипломатҳои хориҷии муқими Душанбе, ҳамчунин сафири Амрико дар Тоҷикистон  Элизабет Миллард ширкат дошт. Элизабет Миллард аз рафти интихоботи кишвараш изҳори қаноатмандӣ карда, ба хабарнигорони тоҷик гуфт:  «Шумо демократияро дар амал мушоҳида мекунед!»

Ҳамин тавр, Доналд Трамп ғолиби интихоботи президентии  Амрико барои дарёти курсии Президенти 45 – умини Иолоти Муттаҳидаи Амрико гардид ва ин интихоб дуруст буд ё на, вақт нишон хоҳад дод…

 

Таҳияи

Одили Нозир

 

p.s. Тафсилоти интихоботи Амрико, назари коршиносон, эътирофи расмии мақомоти ИМА, пешгӯйии ояндаи Амрико  ва зиндагиномаи Доналд Трампро дар шумораи оянда мутолиа кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *