Кӯдаки 5-соларо мошин пахш кард

    Кӯдаки панҷсолаи зодаи шаҳри Истаравшанро дар Хуҷанд нақлиёт пахш намуд, ки оқибат бо шикасти пой ва осеби мағзи сари Оятуллои хурдсол анҷомид. Садама дирӯз, яъне 8 ноябр тахмин соати 10:35 дақиқа дар хиёбони Рифъат Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст.

   Модари Оятулло, Сурайё Аюбова мегӯяд, садама вақте рух дод, ки онҳо аз нақлиёти мусофиркашонӣ фаромада буданд. Тифоқо кӯдак аз дасти модар дур шуда оқибат автомашинаи «Опел-Вектра», ки аз қафои нақлиёти мусофиркашонӣ меомад, Оятулоро пахш кардааст. Ронанда баъди пахши кӯдак ӯро ба беморхонаи клиникавии шаҳри Хуҷанд интиқол додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *