Сарҳади Панҷакенту Самарқанд кушода шуд
Имрӯз сарҳади байни ду минтақаи Тоҷикистону Ӯзбекистон- шаҳри Панҷакент ва вилояти Самарқанд, ки аз 1 ноябри соли 2010 инҷониб баста буд, расман ифтитоҳ меёбад. Дар кушодашавии расмии он раиси вилояти Суғд, раиси вилояти Самарқанд Ҷураев Т.И ва дигар шахсони расмиву чеҳраҳои шинохтаи ду ҷониб иштирок мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки ифтитоҳи сарҳад дар арафаи сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сурат мегирад. Интизор меравад, ки Ш. Мирзиёев рӯзҳои 9-10 март аз Тоҷикистон боздид ба амал оварда, бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ мулоқот менамояд. Инчунин, дар ҷараёни ин сафар қарор аст,ки байни ду кишвари ҳамсоя ҳудуди 20 созишнома ба имзо расанд. Харидуфурӯши неруи барқ ва газ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, барқарор кардани роҳи оҳани Тирмиз – Амузанг – Қӯрғонтеппа ва шартнома дар бораи тартиби равуои шаҳрвандон аз санадҳои муҳимтарин ба ҳисоб мераванд. Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ дидан менамояд. Шоми 9 март бошад, дар Кохи Борбад консерти калон бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ӯзбеку тоҷик баргузор хоҳад шуд.
Тафсилоти бештарро дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» пайгирӣ намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ