Сарбозони афғони ба Тоҷикистон фирор карда барои дифоъ аз Файзобод фиристода шуданд
Шӯрои амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, 2300 сарбозони афғонро, ки ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ба он кишвар бозгардондаанд.
Хабари бозгашти сарбозони афғон аз Тоҷикистон ба он кишварро Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллии Афғонистон рӯзи сешанбе ба хабарнигорон дар Кобул эълон кард.
Ӯ гуфт, сарбозони бозгашта барои амният ва дифоъ аз шаҳри Файзобод — маркази вилояти Бадахшон, сафарбар шудаанд.
«2300 нерӯи бозгашта ба нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон пайвастаанд. Баъзе аз онҳо, ки вулусволиҳоро тарк карда буданд, акнун дар чаҳорчӯбаи нерӯҳои дифоӣ дар маркази вилоятҳо ҳузур доранд. Онҳое, ки ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, дубора барои хидмат ва дифоъ аз мардуми Файзобод бозгардонида шуданд», — афзуд ӯ.
Мушовири амнияти миллии Афғонистон ҷузъиёт надодааст, ки бозгашти ин сарбозон чӣ замоне оғоз шуд ва онҳо чӣ гуна ба Афғонистон баргаштанд.
Бозгашти он нерӯҳои афғонро, ки дар минтақаҳои марзӣ ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карда буданд, манобеи дигар низ тасдиқ карданд. Як масъули пешин дар ҳукумати вулусволӣ ё ноҳияи Шикайи Дарвози Афғонистон гуфтааст,ки бархе афсарони паноҳбурда ба Тоҷикистон субҳи 7-уми июл аз Кобул бо онҳо тамос гирифтанд.
Масъалаи интиқоли сарбозони афғонистонӣ ба ватанашон дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон рӯзи 4-уми июл матраҳ шуда буд.
Мақомоти тоҷик қаблан аз ақибнишинии садҳо нафар аз нерӯҳои афғон ба Тоҷикистон хабар дода буданд. Фирори нерӯҳои амниятии Афғонистон ба Тоҷикистон бо суқути Шерхон Бандар — як гузаргоҳи муҳим байни Тоҷикистон ва Афғонистон шурӯъ шуд.
Баъдан садҳо нафари дигар дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон, аз ҷумла Кундузу Балх ва Бадахшони Афғонистон ҳаммарз бо вилоятҳои Хатлон ва Бадахшони Афғонистон ба ин сӯи Ому ақибнишинӣ карданд. Мақомоти тоҷик шумораи умумии онҳоро беш аз 1700 нафар тахмин зада буданд. Аммо ҳоло мақомоти афғонистонӣ аз бозгардонидани 2300 нафар аз Тоҷикистон ба Афғонистон сухан мегӯянд.
Рӯзҳои охир гурӯҳи Толибон аз тасарруфи даҳҳо ноҳия дар шимоли Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон хабар доданд. Дар ҳоли ҳозир ҳама ноҳияи ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар Бадахшон дар дасти Толибон аст. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки амалиёти бозпасгирии ин ноҳияҳоро ба нақша гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ