Дониста надониста худро ба коми марг наандозед

Рӯзе гузашта аз обҳои кишвар 5 ҷасад пайдо ва ба соҳибонашон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуданд. Ин панҷ нафар наврасоне буданд, ки ба танҳоӣ ва бе назорати калонсолон оббозӣ карда, шояд аз надонистани қавонини шиноварӣ ғарқидаанд.

Новобаста ба он ҳама корҳои таблиғотӣ ва ҳушдорҳои пайвастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар мақомоти дахлдор вақтҳои охир бо вуҷуди роҳандозии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва ба ҳалокат расидани наврасону кӯдакон зиёд ба қайд гирифта шуданд.
Масалан рӯзи 4-уми июли соли равон як навраси 11-сола, сокини ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанов, деҳаи Шарифии ноҳияи Шаҳринав ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Қаратоғ ғарқ шуд.
Баъд аз гирифтани ахбороти фаврӣ ба ҷои ҳодиса афсарони шуъбаи Кумита дар шаҳри Турсунзода сафарбар шуда, якҷо бо аҳолӣ корҳои кофтуковиро ба роҳ монда, соати 11:50 дақиқа, ҷасади ноболиғ аз соҳили дарё пайдо карданд ва ба наздиконаш супурданд.


Духтарчаи 7-сола аз деҳаи Адири ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмони шаҳри Турсунзода бо сабабҳои номаълум дар канали Заркамар ғарқ шуд.
Баъд аз гирифтани ахбороти фаврӣ ба ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагони Маркази наҷоти Кумита сафарбар шуда, ҳамроҳ бо чанд тан аз сокинони маҳал дар масофаи 2,5 км аз ҷойи ҳодиса ҷасади духтарчаро пайдо карданд ва ба пайвандонаш супурданд.


Баъд аз нисфирӯзӣ худи ҳамон рӯз як духтари ноболиғи дигар аз деҳаи Саховати ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми шиноварӣ дар канали Куктош аз беэҳтиётӣ ғарқ шуд. Имдодгарони Маркази наҷот ҷасади ӯро аз соҳили канал пайдо карда ба хонаводааш супориданд.


Нисфирӯзии 4-уми июни соли равон сардори бахши Кумита дар ноҳияи Варзоб ба навбатдори фаврии Кумита хабар дод, ки аз дохили сарбанди неругоҳи барқии обии ноҳияи Варзоб ҷасади зане рӯи об баромадааст.
Баъд аз гирифтани ахбори фаврӣ ба ҷои ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе сафарбар гардида, соати 18:30 дақиқа, ҷасадро аз об бароварда ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Баъд аз ташхис маълум гардид, ки ғарқшуда 18-сол дошта, истиқоматкунандаи деҳаи Қулпистаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст.
Сабаҳои марги ӯ маълум нест. Марбут ба ин ҳодиса парванда боз гардида, тафтишот идома дорад.


Ҳамчунин ҷасади як марди тахминан 40-50 сола дар кӯчаи ба номи М.Назрибекови шаҳри Душанбе пайдо шудааст. Ин мард дар наздикии як гараж фавтидааст ва сабаби марги вай номаълум аст.
Бо даъвати навбатдори ШКВД ноҳияи Фирдавсӣ гурӯҳи имдогарон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади марди ношиносро ба кормандони милитсия супурданд.


Ҷавони 17-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 03.07.2021, тахминан соати 15:30 дақиқа ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон, ғарқ шуда буд.
Ҷасади ӯро рӯзе 500 метр поинтар аз макони обозӣ пайдо намуда ба мақомотҳои дахлдор супориданд.
Тахмин меравад, ки бо баланд шудани дараҷаи гармии ҳаво, кӯдакону наврасону калонсолон барои ҳаловати худ ва оромбахшии ҷисму ҷонашон барои обозӣ худро ба дарёу кулҳо задаанд. Дар натиҷа аксарияти фавтидагон касоне мебошанд, ки аз қоидаҳои шиноварӣ огоҳ набуда, ҳангоми оббозӣ ба коми дарёву кӯлҳо рафтаанд. Бинобар ин бояд ҳангоми оббозӣ бояд ҳамеша қоидаву қонунҳои шиновариро риоя намуд. Кӯдакон набояд бе роҳбаладии калонсолони огоҳ аз шиноварӣ ба оббозӣ ва шиноварӣ машғул шаванд. Яъне:
Гаршиновар нестӣ по бар лаби дарё манеҳ…!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *