Сардори Хадамоти амнияти президент аз мақом барканор карда шуд
Абдураҳим Муминов, сардори Хадамоти амнияти президенти Ӯзбекистон аз мақом барканор ва муовини вазири ҳолатҳои фавқулода таъйин шуд. Нисбати роҳбари Раёсати бехатарӣ дар роҳҳои Тошканд Барот Маменов парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.
Ба иттилои манобеъ, ин ду мансабдор баъди як моҷаро, ки рӯзҳои 23-24 апрел дар рӯзҳои сафари президенти Туркманистон рух дод, аз мақом барканор шуданд.
«Президент аз як бино дар шаҳри Тошканд дидан мекард. Ин ҳангом яке аз кормандони пулиси роҳ мехост ба маҳалла ворид шавад. Кормандони Хадамоти амнияти президент ба ӯ иҷозат доданд, ки аз роҳ бидуни сару садо убур кунад. Аммо корманди пулиси роҳ ё БДА бо суръати баланд ва садои сирена роҳро убур кардааст. Ҳамаи инро Шавкат Мирзиёев мушоҳида кард», — гуфтанд манобеъ.
Дар худи ҳамин рӯз Барот Маменов боздошт ва панҷ рӯз дар боздоштгоҳи махсус барои низомиҳо нигаҳдорӣ шуд. «Вай 28 апрел аз боздоштгоҳ раҳо шуд. Аммо 30 апрел ӯро бо завлона аз утоқи кориаш берун бурданд», — афзуд манбаъ.
Абдураҳим Муъминов аз роҳбарии Хадамоти амнияти президент низ дар робита ба ҳамин ҳодиса барканор шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ