Ҳукми 3 наврас барои таҷовузи писарбачаи 6-сола

Дар ноҳияи Ҷетӣ-Оғузи Қирғизистон додгоҳ се наврасро бо ҷурми дастдарозӣ ба номуси як писарбачаи 6-сола маҳкум ба зиндон кард.

Ба маълумоти додгоҳи вилоятии Иссиқкӯл, яке аз айбдоршавандаҳо ба 9 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуд. Ду нафари боқӣ 8-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. Маҳкумшудаҳо ҷазои худро дар зиндони ноболиғон адо мекунанд.

Ба ҷуз ин, яке аз онҳо 100 ҳазор сом (1470 доллар) ва ду тани дигар 50 ҳазорсомӣ ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ пардохт хоҳанд кард.

Ба гуфтаи муфаттишон, як сокини Ҷетӣ-Оғуз моҳи апрели соли 2017 писарбачаи 6-солаи ҳамсояи худро таҷовуз карда, дертар ин амалро ду шарики дигари ӯ низ такрор кардаанд. Дар натиҷа се навраси аз 16 то 17-сола боздошт шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *