Сардори толори VIP-и фурудгоҳ аз корд ҷароҳат гирифт
Аз рӯи далели бо корд ҷароҳат бардоштани сардори толори VIP-и Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Зафарҷон Самӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон парванда аз рӯи моддаи “авбошӣ” оғоз гардид. Гуфта мешавад, ки Зафарҷон Самӣ шоми рӯзи 11 ноябр ҳангоми ҷанҷолу занозанӣ дар назди яке аз тарабхонаҳои пойтахт дар маҳаллаи 112-ум аз зарби корд захм гирифтааст. Аммо то ҳол мақомот сабаби муноқиша, аз ҷониби кӣ оғоз гардидани ҷанҷол иттилоъ надодаанд.
“Мақомоти тафтишот шахсияти афроди дар ҷанҷол дастдоштаро муайян карда, айни замон ҷиҳати боздошти онҳо чора андешида мешавад”, — иттиъ доданд аз маркази матбуоти ВКД.
Зафарҷон Самӣ писари раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шариф Самӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ