латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Ошиқи тарсу

Духтару ҷавони ошиқе шабона бо ҳам мулоқоти ошиқона мекунанд. Баногаҳ аз наздашон як гуруҳ авбошон баромада, бо мақсади ҷазо додани ошиқон аз духтар мепурсанд:

— Номат чист?

— Майсара,- мегӯяд духтар бо садои ларзон.

Сардори авбошон бо шунидани номи духтар мегӯяд:

— Ваҳ, ҳамноми модари ман будааст, ӯро сар диҳед.

Баъдан аз ҷавон мепурсанд:

— Ту чӣ ном дорӣ?

Ҷавон мегӯяд:

— Номам Абдукарим аст, вале дар қишлоқамон маро ҳама Майсара меноманд.

Тухми килоӣ

Марде писарашро ба мағоза тухмхарӣ равон мекунад. Писарак дар роҳ халтаи тухмро афтонида мешиканаду ба хона омада, ба падараш мегӯяд:

— Падарҷон, дар мағоза тухми донагӣ набудааст, тухми килоҳакӣ овардам.

Автобуси бе ронанда

Ду донишҷӯ барои таҳсил ба Хитой мераванд. Боре падаронашон ба хабаргирии онҳо рафта, аз назди фурудгоҳ ба як автобуси дуошёна савор мешаванд. Якеаш дар ошёнаи якуми автобус ва марди дигар дар ошёнаи дуюми автобус нишаста, ба ҷойи даркорияшон мераванд. Вақте ҳар ду аз автобус мефароянд, марди аз ошёнаи якуми автобус фаромада ба марди дигарӣ, ки ранги рӯяш кандагӣ меистод, мепурсад:

— Ба шумо чӣ шуд?

Мард дар ҷавоб мегӯяд:

— Хайрият, ки роҳ рост буд, чунки автобус ронанда надошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75