Сари актрисаро аз танаш ҷудо мекунанд?
Дипика Падуконе 5-уми январи соли 1986 дар шаҳри Копенгагени пойтахти Дания чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш Пракаш Падукон бозингари касбии бадминтон, модараш бошад, агенти муваффақи яке аз машҳуртарин ширкатҳои сайёҳӣ буд. Вай нав 11 моҳа буд, вақте ки оилаи онҳо аз Копенгаген ба диёри бобоияшон Бангалори Ҳиндустон кӯч бастаанд. Дар ҳафтсолагии Дипика модараш хоҳарчааш Анишаро ба дунё оварда, ба ин духтарчаи зебо як ҷаҳон хурсандӣ ҳадя кард.
Овони наврасӣ Дипикаю хоҳарчааш ҳамроҳи падар ва бобояшон бо шавқу завқ ба бадминтонбозӣ машғул мешуданд, вале..
Аз спорт ба мӯд
Пас аз хатми мактаб Дипика ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии ба номи Индира Гандӣ супурда, дар соҳаи сотсиология зинаи бакалаврро ба даст овард, вале аз рӯйи ихтисос кор кардан ба ӯ муяссар нагашт. Ин духтараки фариштарӯ ҳанӯз аз соли аввали донишҷӯияш аз чашми лаълшиноси агентҳои олами мӯд дур намонд ва ӯро бо пули калон ба худ ҷалб намуданд. Ширкати косметологии дар арсаи олам машҳур «Maybelline» Дипикаро намояндаи байналхалқии худ интихоб карда, бо аксҳои зебои ин паричеҳра маҳсулоташро дар сар то сари дунё ба фурӯш мебаровард. Дар давоми фаъолияти худ Дипика Падуконе аз ҷониби «Idea Zee Fashion Awards» соҳиби унвонҳои ифтихории «Модели сол” , “Зан-модели сол” ва «Чеҳраи нави сол” гашт, аммо Худованд баъди ин ҳама комёбиҳо дар соҳаи муд боз роҳи тақдири ин нозанинро тағйир дода, ҳаёти ӯро бо олами синамо пайваст…
Парвози мурғи шуҳрат
Фаъолияти Дипика Падуконе ҳамчун ҳунарманди синамо аз филми «Aishwarya» оғоз ёфтааст, вале шуҳрати ҳақиқиро ба ин зебосанам «Ом-Шанти- Ом» овард. Дар ин филм Дипика бо ситораи №1-и Болливуд Шоҳрух-Хон нақш офарида, ҳамаро қоил кард. Барои нақши дар ин филм офаридааш Дипика як тин пул нагирифта бошад ҳам, ин филми пур аз таззод ба ӯ чунон муваффақияти бузурге овард, ки ҳатто ситораҳои машҳуртарини синамо чунин комёбиро орзу мекарданд. “Ом-Шанти-Ом” соли 2007 ҳамчун филми сертамошобин ҷойи аввалро ишғол намуд, худи Дипика бошад соҳиби бонуфузтарин ҷоизаи Боливуд «Filmfare Award» дар номгӯи “Беҳтарин нақши занона” гашт.
Бозии бисёр ҷаззоб ва самимии Дипика дар “Ом-Шанти-Ом” ба шоҳи Болливуд Шоҳрух-Хон сахт писанд афтод ва дар филми дигар, ки “Изображение” ном дошт, маҳз ҳамин паричеҳраро ҳамбозии хеш интихоб намуд. Бояд гуфт, ки ҷоизаи «Filmfare Award» дар Болливуд пурнуфузтарин ба шумор рафта, на ҳар ҳунарманд онро ба даст оварда метавонад, аммо ба Дипика муяссар гашт, ки ба ин ҷоизаи баландпоя бори дуюм мушарраф гардад. Филме, ки ин ҳунарманди ҷавонро бори дуюм соҳиби ҷоиза гардонд: “Любовь: вчера и сегодня” ном дошт. Ба чунин комёбиҳои бузург мушарраф гаштани ҳунарманде, ки дар риштаи сотсиология таҳсил карда, пойдевор ё ба қавли киномотографистони Болливуд “Тага” надорад, дар ҳақиқат инқилоби ҳунарӣ буд.
Ҳамболи ситораҳо
Филмҳои минбаъдааш низ ба Дипика маҳбубияту шуҳрат ва ҷоизаҳои бонуфузи зиёде оварданд. Ба ҷавониаш нигоҳ нокарда, ин паричеҳраи табиатан боистеъдод бо ҳунармандони собиқадору касбии Болливуд аз қабили Шоҳрух- Хон, Ранбир Капур ва Приянка Чопра ва дигарон баробар нақш мебозид ва ҳар дафъа исбот мекард, ки Донишгоҳи санъатро хатм накарда бошад ҳам, дар ҳунар аз онҳо камӣ надорад. Зиёда аз ин, Дипика Падуконе бо Голливуд низ ҳамкорӣ барқарор карда, дар филми «Три икса: Мировое господство» бо ҳунарпешаи машҳури Голливуд Вин Дизел нақш офарид ва собит намуд, ки ситораи ҷаҳонии синамо аст ва на танҳо Болливуд, балки қуллаҳои баланди Голливудро низ фатҳ карда метавонад.
Дипика кай арӯс мешавад?
Дипика дар бораи ҳаёти шахсиаш гап заданро дӯст намедорад, вале муносибатҳои ошиқонаи ин паричеҳраи машҳур бо Ранбир Капур аз чашми тезбини журналистон дур намонд. Бино ба маълумотҳо Дипика чанд сол бо Ранбир Капур муносибатҳои ширини ошиқона доштааст, вале соли 2009 ин ҷуфти кабӯтар аз ҳам ҷудо шуданд. Мегӯянд, ки сабаби ҷудоии ошиқон хиёнати Ранбир Капур гаштааст.
Ҳоло Дипика бо актёри шинохта Ранвир Сингх зиндагӣ мекунад, вале ин ҷуфти зебо то имрӯз расман аз қайди никоҳ нагузаштаанд. Дипика ва Ранвир бо сабаби серкорӣ наметавонанд ҳамеша бо ҳам бошанд. Ҳамин чиз боис мешавад, ки ҳар сари чанд вақт дар байни мардум дар бораи аз ҳамдигар ҷудо шудани ин ҷуфти машҳур овозаю ҳангомаҳои гӯшхарош пайдо гарданд. Дипика ва Ранвир Сингх ин овозаҳоро рад карда, мегӯянд онҳо аз ҳамдигар ҷудо шуданӣ нестанд ва ҳамин, ки фурсат пайдо шуд, расман аз қайди никоҳ гузашта, тамоми дӯстону мухлисонашонро ба тӯй даъват мекунанд, аммо он рӯзи деринтизор кай фаро мерасад, ҳанӯз маълум нест.
Фариштаи раҳму шафқат
Симои зебо ва ҳайкали ҷаззоби Дипика ҳам дар либоси миллии ҳиндӣ ва ҳам аврупоӣ назаррабо ва дилкаш аст. Миллионҳо одамон ба сурати зебои ин паричеҳра дил баста, ҳозиранд тамоми дороияшонро пеши пояш бирезанд, вале бо ин ҳама боигарию шуҳрат Дипика заррае ғуруру ҳавобаландӣ надорад. Худованд бар замми ҳусни оламгир ба ин нозанин дили поки пур аз меҳру раҳму шафқатро ҳадя кардааст. Дипика ғамхори одамони камбағал ва муҳтоҷу дармонда буда, фонди хайриявие дорад, ки ҳамеша ба дармондагон кӯмак мерасонад, аммо…
Сари актрисаро аз тан ҷудо мекунанд?
Барои дар филми “Калдуня”нақш бозиданаш сиёсатмадори машҳури Ҳиндустон Гар Хварти фармон додааст, ки сари Дипика Падуконеро аз танаш ҷудо намоянд. Филм ҳанӯз ба фурӯш набаромадааст, вале ҳукуматдорон намоиш додани онро дар Ҳиндустон манъ карда, барои касоне, ки бо роҳи пинҳонӣ фиттаи “Колдуня”-ро ба даст оварда, ин филмро тамошо мекунанд, ҷазо муқаррар кардаанд. Дар “Колдуня” Дипика бутпарастонро танқид карда, образи Сантияро дар эътиқод ба Худои ягонаи осмон баланд мебардорад. Дар Ҳиндустон мардум нисбат ба дин ва масоили динӣ бисёр ҳассос ҳастанд, аз ҳамин сабаб душманонаш борҳо барои сари актрисаро гирифтан ба хонааш ҳуҷум карданд, вале хушбахтона Дипикаро дар манзилаш пайдо карда натавонистанд…
Дипика куҷо шуд?
Дипика аз тарси таъқибгарон ба Канада кӯч баст. Актриса дар офаридани ин образ худро гунаҳкор намеҳисобад, зеро он чиро гуфтаву кардааст, ки дар сенария буд ва офарандагони филм ба ӯ тақозо доштанд, аммо душманони актриса инро фаҳмидан намехоҳанд. Таъқибгаронаш баъди ба Канада кӯчидан Дипикаро ба ҳоли худ мемонанд ё не? Ба ин савол танҳо вақт ҷавоб хоҳад гуфт.
Таҳияи Шаҳло Ниёзова
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ