Ҷӯгибачаҳо духтарони хондагиро намегиранд

Чанд рӯз пеш суҳбати ду зани ҷӯгӣ дар автобус маро ба худ ҷалб кард, ки яке ба дигаре мегуфт: -Ман мехостам духтари хоҳари шавҳарамро келин кунам, вале чун никоҳи хешутаборӣ манъ аст, аз бегона келин мекунам…

Ин суҳбати онҳо бароям ҷолиб буд. Кайҳо боз мехостам дар бораи хусусиятҳои зиндагӣ ва урфу одатҳои ҷӯгиён воқиф гашта, мақолае иншо созам. Бо ин мақсад ба яке аз деҳаҳои ҷӯгинишин- деҳаи Шодоба 1-и (Чағатай), ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб раҳсипор шудам.  Дар роҳ бо яке аз сокинони маҳаллӣ дучор омадам. Вай чунин гуфт:

— Ҷӯгиён бо мо — тоҷикҳо солҳо боз ҳамсоягарӣ доранд. Фақат як чизро гуфтаниям, онҳо одамони бисёр хубанд. Сипас, хонаи раиси маҳалларо ба ман нишон дод.

Раиси маҳалла Мирзораҳим  Мирзоаминов маро пешвоз гирифта,  иброз намуд, ки дар ин деҳа ҳам тоҷикон ва ҳам ҷӯгиён зиндагӣ мекунанд.

— Байни мо ягон хусумат нест. Дар деҳа 60 хоҷагии ҷӯгиҳо зиндагӣ доранд. Мо бо ҳам дӯстона зиндагӣ карда, дар маъракаҳои ҳамдигар иштирок мекунем. Масалан, дар самти ҳашар ё ободонӣ, пеш аз ҳама, онҳо фаъолона иштирок мекунанд. Дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ ва пардохтҳои коммуналӣ низ масъулияти баланд доранд. Онҳо низ шаҳрванди Тоҷикистон буда, аз ҳукуқҳои худ бархӯрдор ҳастанд. Вале пас аз солҳои 90-ум мутаассифона, ҷӯгиён камтар ба мактабу маориф эътибор медодагӣ шуданд. Вале ҳоло ин раванд каме беҳтар шудааст. Муаллим шуда,  солҳои зиёд дар мактаби № 46 кор кардам, қисми зиёди шогирдонам ҷӯгиҳо буданд. Сабаби ба мактаб рӯ наовардани як қисми онҳо дар он аст, ки фикр мекунанд, дар сурати дониш ва омӯзиши хуб гирифтан низ онҳоро ҷӯгӣ гуфта, ба кор намегиранд. Масалан, як духтари ҷӯгӣ бо духтари ман ҳамсинф буд. Дониши хеле хуб дошт ва аз ягон фан баҳои 4 надошт. Бо таъкидҳои мо ба мактаби олӣ дохил шуд. Вале дар курсҳои болоӣ донишгоҳро тарк намуд. Ин амали худро  чунин маънидод намуд, ки ҳатто бо дипломи сурх тамом кунем ҳам, моро ба кор намегиранд…

Бо духтарони маҳаллӣ низ ҳамсуҳбат гаштам. Онҳо худро шинос намуданд: Меҳрангез, Нозанин, Малика…Чӣ номҳои зебое. Маълум аст, ки дар номгузорӣ ҷӯгиён завқи баланд доранд.

Сипас,  раис Мирзораҳим  Мирзоаминов маро ба хонаи яке аз сокинони маҳалла, Ҳоҷӣ  Абдуҷалил Шарбатов роҳбаладӣ кард. Ин шахс соҳиби 8 фарзанд буда, муваққатан дар ягон ҷо кор намекунад. Дар вақташ хизмати ҳарбиро дар Германия адо намудааст. Вале қариб ҳар сол ба муҳоҷират рафта меояд. Ба наздикӣ аз зиёрати хонаи Худо- аз Ҳаҷ баргашт.

— «Ҳоҷӣ- ошӣ» додед?- пурсон шудам аз ӯ.

— Не, охир танзим аст- ку, — гуфт ҳоҷӣ дар ҷавоб.

Нонҷамъкунӣ амали савоб аст

Дар гирди дастархони ҳоҷӣ суҳбати  бо мо чанде аз ҷӯгиён сурат гирифт. Онҳо аз дарди дил ва мушкилоту мушоҳидаҳои хеш қисса намуда, умед бар он мебастанд, ки пас аз нашри мақолаҳо дар рӯзномаҳо муносибат ва фаҳмиши мардум доир ба ҷӯгиҳо дигар хел мешавад.

-Баъзе нафарон вақте мебинанд, ки мо ҷӯгиҳо ба нонҷамъкунӣ меравем, бо чашми бад менигаранд. Вале ин амал ягон бадӣ надорад -ку. Агар мо нонҳоро ҷамъ накунем, аз беҳурматии баъзе нафарон он пӯсида меравад. Нон чизи муқаддаст аст ва онро бояд эҳтиром намуд. Чӣ бадӣ дорад, ки мо онҳоро ҷамъ карда, фурӯшем ва зиндагии худро пеш барем? Як линчаи онро ба ивази 20 ва баъзе мавридҳо ба 15 сомонӣ мефурӯшем.  Вақте ки дари мардумро ба умеди дарёфти нони қоқ мекӯбем, ҳар гуна ҳолатҳоро мушоҳида мекунем. Баъзеяшон баромада, бо қошу қавоқи овезон пешвоз мегиранд ва ё ҷӯгӣ гуфта, ҳақорат мекунанд. Баъзеяшон муомилаи хуб доранд ва нонҳои қоқро тайёр карда, ба берун бароварда мемонанд. Ҳатто милисаҳо моро азоб медиҳанд. Дар баъзе маҳаллаҳо моро дошта, 10 сомонӣ гирифта, сипас ҷавоб медиҳанд. Мо ҳам мефаҳмем, ки бояд фарҳанги шаҳрдориро риоя намоем. Дар хиёбонҳои марказии шаҳр намегардем, то ба чашми меҳмонони пойтахт натобем. Умуман, нони тоҷикҳо маззаи хос дорад. Мо ҳам танӯр дорем, нон мепазем, вале тамъи нони тоҷикҳо дигар аст…

— Вале мутаассифона, ҷӯгиёне ҳастанд, ки бо кӯдакони хурдсолашон сари роҳи моро гирифта, пул талаб мекунанд…

— Бояд иқрор шуд, ки чунин ҷӯгиҳо низ ҳастанд. Вале шояд аз нодорӣ ё камбағалӣ ба ин амал даст зананд. Шояд шавҳар надоранд. Мо тарафдори ин амалҳо нестем.

— Баъзеҳо ақида доранд, ки мардони ҷӯгӣ кор намекунанд ва зиндагӣ пурра ба дӯши занҳост…

— Ин ақида нодуруст аст. Мардҳои мо низ кор мекунанд. Мисли дигарон ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ба Русия мераванд. Пештар аз дарёи деҳа санг ҷамъ оварда, мефурӯхтанд. Вале ҳоло намегузоранд, ки мардҳои мо аз ҳисоби санг пул кор кунанд, зеро он минтақа хусусӣ шудааст.

 -Дар гӯшаҳои   гуногуни Тоҷикистон ҷӯгиҳо сукунат доранд. Ҷӯгиёни Шаҳринав  нисбатан камбағалтар мебошанд, — мегӯяд яке аз сокинон.

Лӯлиён- заргарони моҳир

Гузаштагони ин маҳалла ҳама заргар будаанд. Мутаассифона, аз ин ҳунари нафис ҳоло нишоне намондааст. Сокинони маҳалла иброз доштанд, ки падару бобоёни онҳо заргар буданд, аммо дигар ин ҳунарро ворисони онҳо идома надоданд.

«Мо аз Талабшоҳ норозием»…

— Мо аз журналист Талабшоҳ норозием. Вай филме бо номи «Бедил» баровардааст, ки  он дар бораи ҷӯгиҳо низ сухан меравад. Урфу одатҳои пурра ба мисли тоҷикҳо ҳаст. Дар маъракаҳои никоҳ ё мотами мо домуллоҳои тоҷик ширкат меварзанд. Вале баъзе аз чизҳоро дар бораи мо нодуруст нишон додаанд. Мо хостем ҳама ҷамъ шуда, ба сари таҳиягарони филм равем. Вале раиси маҳалла гуфт, ки саросема нашавед ва аввал  мазмуну муҳтавои филмро хубтар дарк намоед…

Таҳсил муҳим аст, вале…

Яке аз сабабҳои асосии нахондани духтарҳо он аст, ки ҷӯгиписарон духтарҳои хондаро ба занӣ намегиранд…Вале албатта, барои писарҳо таҳсил муҳим аст. Ҷӯгиписаре, ки 17 — сола буд, ба мактаб бурданд. Вале бо назардошти синну солаш ӯро ба синфи якум қабул накарданд… Раиси маҳалла мегӯяд, чун ҳоло Маркази миллии тестӣ амал мекунад, онҳо низ метавонанд дар сурати дониши хуб доштан донишҷӯ шаванд ва таҳсили хешро идома диҳанд.

Пас аз анҷоми суҳбат бовар ҳосил намудам, ки ҷӯгиён он тавре нестанд, ки баъзеҳо фикрҳои манфӣ доранд. Онҳо низ мардуми муқаррариянд. Фақат баъзе урфу одатҳои хоси миллӣ доранд.

Мутриба ТӯЙЧИЗОДА,

махсус барои «Тоҷикистон»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *