Атомуҳаммади Нур изҳори нигаронӣ мекунад

Барканории волии иҷронашудаи вилояти Балхи Афғонистон бори дигар дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Зеро Атомуҳаммади Нур ҳафтаи охир гуфт, ки ӯ ҳанӯз роҳбари ин вилоят аст ва фармонҳои ӯ дар ин вилоят амалӣ мешаванд.

Ҳол он ки Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ  18-уми декабри соли гузашта дастури барканории Атомуҳаммади Нур, волии Балхро имзо кард ва муҳандис Довудро ба ҷойи ӯ муаррифӣ намуд. Ҳоло бо гузашти наздик ба як моҳ буҳрон миёни Балху Кобул ҳал нашуда, музокироти миёни раёсати ҷумҳури Афғонистон ва Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон, ки Атомуҳаммади Нур аз роҳбарони он мебошад, ҷараён дорад.

Атомуҳаммади Нур  якшанбеи 14-уми январ зимни суханронӣ дар ҷамъи ҳаводорони худ дар шаҳри Мазори Шариф ҳушдор додааст, ки агар ҳукумати марказӣ бо имзои ӯ раванди пардохти маошҳои кормандони ҳукуматӣ дар вилояти Балхро амалӣ насозад, вай чорае надорад ҷуз ин, ки хароҷоти ин вилоятро аз даромадҳои миллиондолларии гузаргоҳи Ҳайратон пардохт кунад. Бандари Ҳайратон воқеъ дар марз бо Ӯзбекистон, яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳои Афғонистон ба шумор меравад ва молу колоҳо аз Русия ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил аз ин масир ба Афғонистон ворид мешавад.

Идораи ниҳодҳои маҳаллии Афғонистон қаблан ба расонаҳо гуфта буданд, ки имзои Атомуҳаммади Нур ба унвони волии Балх эътибор надорад ва санадҳое, ки ӯ имзо мекунад, иҷро намешавад. Аммо Атомуҳаммади Нур дар посух ба ин ниҳод гуфтааст:»дар ҳадде нестӣ, ки дар бораи буҳронҳо ва мавзӯъҳои калон ҳарф бизанӣ.»

 Дар ҳамин ҳол, масъулони Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон мегӯянд, ҳафт даври музокироти онҳо бо ҳукумати Афғонистон бар сари бартараф кардани ихтилофҳо дар мавриди барканории Атомуҳаммади Нур бенатиҷа будааст. Муҳаммади Исмоли Хон, аз роҳбарони ин ҳизб якшанбеи 14-уми январ гуфт, ки гуфтугӯҳо миёни ҷонибҳо ба бунбаст расидааст. Вай гуфт, ки Ҳизби ҷамъияти исломӣ тарҳи ҳафтмоҳаи худро барои ҳалли ин ихтилофот ба ҳукумат пешниҳод кард, аммо ҷониби ҳукумат то ба ҳол онро қабул накардааст.

Исмоил Хон гуфт, ки ҳукумат тарҳи Ҷамъияти исломиро қабул надорад ва ин ҳизб низ барои боқӣ мондани Атомуҳаммади Нур ба унвони волии Балх пофишорӣ дорад. Вай дар бораи ин тарҳ ҷузъиёти бештаре надод, аммо гуфт, ки мондани Атомуҳаммади Нур дар мақоми волии Балх ва амалӣ шудани тавофуқномаи сиёсии ҳукумати ваҳдати миллӣ ду бахши муҳими ин тарҳ аст.

Атомуҳаммади Нур, ки дар миёни тарафдоронаш бо номи Устод Ато маъруф аст, дар замони ҷиҳод алайҳи шӯравӣ таҳти фармондеҳии Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз роҳбарони Эътилофи Шимоли Афғонистон хидмат кардааст ва яке аз лидерони тоҷикон дар он кишвар ба шумор меравад. Устод Ато айни ҳол яке аз роҳбарони ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон мебошад. Ин ҳизб аз сӯйи Бурҳониддин Раббонӣ, собиқ Президенти Афғонистон ва яке аз роҳбарони муҷоҳиддин таъсис шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *