Сари сабз. Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Саодат АЗИЗОВА, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон

— Духтарҳои ҳозира бисёр эрка ва бетоқат шудаанд. Мехоҳанд, ки ба шавҳар баромадан баробар хонаю дарашонро ҷудо карда, бо табъи дили худ зиндагӣ кунанд, вале ин хел намешавад. Зан бояд сабур бошад.

— Духтарҳои насли нав, асри технологияву пешравиҳо-дия, муаллима! Агар аҳамият дода бошед, ҳатто барои зуд ба шавҳар баромадан ҳам бетоқатӣ мекунанд.

Бег САБУР, сардори Хадамоти алоқа

— Ҳарчанд то имрӯз нархи интернет ва зангҳои телефонӣ арзонтар шудааст, аммо он қонеъкунанда набуда, дар ин замина ба тамоми ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ супориш дода мешавад, ки ҷиддан талош намоянд.

— Офарин, рафиқ сардор! Умед мебандем, ки ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ супоришатонро ду намекунанд ва ақаллан ба суръату сифат таваҷҷуҳ медиҳанд.

Баҳора РӮЗИЕВА, блогери тоҷики муқими Русия

— Азбаски дар Маскав зиндагӣ мекунам, мутаассифона дар онҷо фаъолияти “TIk-Tok” манъ шудааст. Ҳар гоҳе, ки ба Тоҷикистон меоям, аввал ба “TIk-Tok” ворид шуда, наворҳои худро мегузорам.

— Ана дидед, шароит дар Тоҷикистон ҳатто аз Маскав беҳтар будааст. Маслиҳат медиҳем, ки гашта ба ватан биёед, вагарна бе “TIk-Tok” фаъолияти блогерӣ маъно надорад.    

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *