Гузориши Рафаел Гулов аз НБО -и “Роғун”

Рафаел Гулов дар саҳифаи Тик-Токи худ бо усули махсус аз ҷараёни сафари НБО – “Роғун” гузориш таҳия кард.

Дар матлаб омадааст, ки бо ташаббуси Ассосиатсияи блогерон ва вайнерони Тоҷикистон як гурӯҳ фаъолонаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои шиносоӣ ба корҳои сохтмонӣ ба бузургтарин манбаи рӯшноӣ НБО – “Роғун” сафар кардаанд.

Рафаел Гулов бо усули нақл кардан аз паси кадр доир ба раванди сохтмон, чӣ дидану чӣ шунидан ва умуман ҳолати кунунии кор дар иншооти аср маълумоти муфассал дода, бо наворҳои ҷолиб танзим кардааст

Чун ҳоло дар миёни мардум Тик-Ток ҳамчун шабакаи иҷтимоии кӯчагӣ шинохта шудааст, фаъол будани чунин блогерон ва таҳияи чунин матлабҳо то андозае фикрҳоро дигар мекунад. Ин гуна бархӯрди фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои маҷозӣ барои мардум фоидаовар аст.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло аъзоёни Ассотсиатсия блогерон ва вайнерони Тоҷикистон сафарҳои зиёд карда, аз гӯшаҳои гуногуни кишвар матолиб таҳия мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *