Масъуд Мирзо

Масъуди Мирзо: Тоҷикони Ӯзбекистон дигар намеҳаросанд!

Масъуди Мирзо рӯзноманигор, шоир ва муҳаққиқи адабиёт аст. Ӯро пайвандгари фарҳангу адаби ду ҷумҳурии ба ҳам дӯст — Тоҷикистону Ӯзбекистон медонанд. Дар баробари ҷамъияти тоҷикони Фарғонаро роҳбарӣ кардан, дар гурӯҳҳои тоҷикии Донишгоҳи давлатии Фарғона дарс мегӯяд. Дар ҳошияи сафар ба шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон бо эшон дидору суҳбат намудем.

— Шуморо дар Тоҷикистон бештар ҳамчун журналист ва шоир мешиносанд. Замоне дар телевизиони тоҷик низ фаъолият кардед. Аммо чӣ водор кард, ки аз Душанбе ба Фарғона баргаштед?

— Аслан, ман дар ноҳияи Сӯхи Фарғона таваллуд шудаам. Дар шаҳри Душанбе Институти педагогии Тоҷикистон ба номи Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон)-ро дар солҳои 80-ум хатм кардам. Оғози фаъолиятам телевизион буд. Аммо падарам розӣ нашуданд, ки дар телевизион корро идома диҳам. Сипас, муддате дар ноҳияи Қубодиён омӯзгорӣ кардам. Боз бо ризоияти падар ба зодгоҳ баргашта, дар радио ва телевизиони Фарғона кор кардам. Қариб 30 сол муҳаррири барномаҳои радио ва телевизион будам. Чандин сол дар вилояти Фарғона сармуҳаррири рӯзномаи “Садои Сӯх” будам. Телевизион ташкил кардем бо номи “Ситора”, ки имрӯз ҳам фаъол аст. Ҳамрӯза тариқи ин телевизион то 4 соат барнома пахш мешавад.

Ростӣ, пас як беморӣ дигар падарам нагузоштанд, ки ба Душанбе баргардам. Шукр, ҳоло бардам ҳастаму пайи таълими шогирдон дар Донишгоҳи давлатии Фарғона ва эҷод ҳастам.

— Ҳоло роҳбарии Маркази фарҳангии тоҷикони Фарғонаро низ ба зимма доред. Тоҷикони Фарғона чӣ ҳол доранд?

— Расман тоҷикони Фарғона қариб 300 ҳазор нафаранд. Оилаҳое ҳастанд, ки зан ё шавҳарашон тоҷиканд. Яъне, оилаҳои дузабона ҳастанд. Асосан тоҷикон дар ноҳияҳои Сӯх, Фарғона, Риштон, Ёзёвон кору зиндагӣ мекунанд. Дар тамоми ҷабҳаҳо онҳо фаъол мебошанд.  Масалан, муовини ҳокими вилояти Фарғона Ҷамшед Мухторович тоҷик аст. Дар байни тоҷикон шифокорону соҳибкорони номдор низ зиёд дорем. Махсусан дар шаҳри Фарғона ва атрофи он чандин иншоот аз тарафи соҳибкорони тоҷик бунёд ёфтанд. Як қисми иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла меҳмонхонаву марказҳои хизматрасонӣ бо ҳузури Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мавриди истифода қарор гирифтанд.

Муаллиф ҳангоми мусоҳиба бо Масъуди Мирзо дар ш. Фарғона

— Оё дар шаҳри Фарғона мактабҳои тоҷикӣ вуҷуд доранд?

— Қаблан мактабҳои тоҷикӣ вуҷуд доштанд. Ҳоло не. Асосан дар шаҳрҳои Фарғонаву Ёвасой ва Ёзёвон буданд. Мутаассифона, сафи мактабҳо кам шуд. Аммо дар ноҳияи Сӯх ҳаст. Беш аз 20 мактаб бо забони тоҷикӣ вуҷуд дорад. Дар инҷо рӯзномаву телевизион ва радио ҳам бо забони тоҷикӣ фаъоланд.

Дар Донишгоҳи давлатии Фарғона бошад, соли 7-ум инҷониб гурӯҳи тоҷикӣ таъсис ёфтааст. Яке аз сабабҳои рӯ оварданам ба донишгоҳ низ ҳамин буд. Яъне, пур кардани холигӣ ва рафъи камбудии кадр. Аллакай чандин шогирдонро пас аз хатми магистратура ҳамчун омӯзгор омода кардем, ки дар канори ҳам кор мекунем.

— Дар Донишгоҳи давлатии Фарғона тоҷикон аз рӯи кадом ихтисосҳо таҳсил мекунанд?

— Қариб 100 нафар дар гурӯҳҳои тоҷикӣ таҳсил мекунанд. Онҳо  ихтисоси забон ва адабиёти тоҷикро азхуд мекунанд. Умуман, Донишгоҳи давлатии Фарғона яке аз муассисаҳои олии калонтарин маҳсуб меёбад, ки дар он қариб 30 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд. Ба наздикӣ сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абуҷаббор Раҳмонзода омада буд. Ростӣ, то ин замон чунин сафири фаъолро надида будам. Ном ба ном ҳамаро медонанд. Бештари чорабиниҳои фарҳангӣ бо ҳузури сафир мегузаранд. Ҳатто, ректори донишгоҳ тоҷик аст. Вақте ки бо ректор вомехӯрем, албатта бо тоҷикӣ гап мезанем. 

— Ҷамъияти тоҷикони Ӯзбекистон чӣ мавқеъ дорад? Бо онҳо иртибот доред? 

— Албатта, мо ҳамкорӣ мекунем. Чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ-адабӣ мегузаронем. Дар тӯю маъраҳои якдигар ҳузур дорем.

Ҷойи ҳарос нест. Як чизро бояд таъкид намоям, ки 6-7 сол пеш чунин набуд. Баъд аз сари курсии президентӣ нишастани Шавкат Мирзиёев, тоҷикони муқими Ӯзбекистон намеҳаросидагӣ шуданд. Баръакс, аз миллати хеш ифтихор мекунанд. Воқеан, баробарҳуқуқӣ ва таҳаммулпазирӣ дар ҳаёти рӯзмарраи мардум ҷорӣ шуд. Ҳоло дар куҷое бошед, бо забони тоҷикӣ озод суҳбат мекунед.    

— Вақте ки дар Душанбе будед, мегӯянд, ки бо устод Лоиқ зиёд ҳамнишинӣ доштед. Шиносоиатон чӣ гуна сурат гирифт?

— Тақрибан шиносоии мо аз соли 1987, ҳангоми як чорабинии адабӣ дар шаҳри Ҳисор сурат гирифт. Дар Ҳисор пас аз баромад, ба ман як табақи калону чиниворӣ тақдим шуд. Ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ба устод гуфтам, ки ин табақро чӣ кор кунем? Гуфтанд, ки бо ҳамин табақ ҳаминҷо ош мехӯред. Бо ҳамин табақ дар ошхона ош фармудем.

Сабаби аслии шиносоии банда ҳам бо устод Лоиқ ва дигар шахсиятҳои фарзона шеър буд, ки моро ҳамнишин кард. Дар бештари маҳфилҳои адабии устод Лоиқ иштирок мекардам. Устод бароям роҳнамо буданд, шеърҳоямро хонда, тавсияҳо медоданд. 

— Лаҳзаи ҷолибе дар хотир доред?

— Дар Иттиҳоди нависандагон маҳфиле буд. Сари чанд муддат дар он як нафар ба шоирони ҷавон дарс мегуфт. Як рӯз устод Лоиқ ба маҳфил даромаданд. Вақте ки ҳама нишаста будем, маънои калимаи “мӯя”-ро пурсиданд. Ягон нафар даъвогарони шоирӣ ҷавоб дода натавонистем. Баъд, худашон гуфтанд, ки маънояш “нола” аст. Таъкид намуданд, ки то шоир бо луғат кор накунад, маънои аслии истифодаи калимаро дар шеър надонад, ҳеҷ аст. Сипас таърихи эҷоди як ғазалашонро дар ҳамин маҳфил гуфтанд:

Дастаи дар мекашад аз остинам ҳар саҳар,

Эй ки берун меравӣ, ин остонро гум макун.

Гуфтанд, ки шоир бояд аввал дарки шеър дошта бошад. Вақте ки саҳар аз хона мебаромадам, остини ҷома дар дастаки дар дармонд. Дар остинро мекашид. Гуфтанд, ки ҳамин ғазал ҳангоми дармондани остин эҷод гардидааст. Воқеан, аз як ҳодисаи одӣ як маънии бузурги фалсафӣ мебарояд.

— Ҳоло бо кадом ҳавзаи адабӣ ҳамкорӣ доред?

— Ба Душанбе ва Хуҷанд ҳар вақт рафта меоям. Вале, чун дар ҷодаи адабиёт таҳқиқот мебарам, бо Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, роҳбари илмиам Матлубаи Мирзоюнус, устод Фарзона, Озарахш, Бобоҷон Икромов, Неъматулло Мирсаидов ва дигарон робитаи хуби ҳамкорӣ менамоем.

Мусоҳиб: Усмон РАҲИМЗОДА

Намуна аз ашъори Масъуди Мирзо

Ёро, биё зи ҳамдигар як ёд мекунем,

Дилро дубора аз қафас озод мекунем.

Ишқи ғариби дар ба дар овораро зи нав,

То зодгоҳи улвиаш иршод мекунем.

Меҳру вафову бовари мотамгирифтаро,

Бо хутбаи хатми азо дилшод мекунем.

Бар қасди ин ҳақоиқи ноҳаққи зиндагӣ,

Ёро, биё фасонаҳо эҷод мекунем.

Аз фасли мо хароб шуд дунёи мо, биё

Бо васли худ харобаро обод мекунем.

Ҳоло биё, ки мо ба ҳам ҳоло ғаниматем,

Шояд, саҳар… ба ёди ҳам фарёд мекунем…

***

Дилро ба дилҳо ҷо кунед, ин қатраро дарё кунед,

МАНро ба сӯи МО баред, ин зарраро дунё кунед.

Дил зинда бо меҳри Худост, ҳастии Дил ҳасти шумост,

Меҳру муҳаббатро дигар аз лаб ба дилҳо ҷо кунед.

Бовар ба дилҳо оваред в-аз санг лаъле офаред,

Имрӯзи беояндаро обастани фардо кунед.

Эй оқилон, ошиқ шавед, ошиқ шавед, ошиқ шавед,

Зишт аст бе ишқ зистан, ин зиштро зебо кунед.

Аз ганҷи Қорун суд нест, Искандаре масъуд нест,

Ояндагони хешро Мавло кунед, Сино кунед.

Ёд оваред аз асли худ, бобо шавед бар насли худ,

Худро на аз бегонагон, аз хештан пайдо кунед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *