сари сабз

Сари сабз. Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Низорамо ЗАРИФОВА, ходими давлативу ҷамъиятии Тоҷикистон

— Ҳамин хонае, ки ҳоло мо нишастаем, бо ҳақи кори худ ба 16 сум харидаам. Бо ин вуҷуд, ин хона комилан холӣ буд, на шикафу на мизу на курсие доштам, ки дар хона монам. Аммо ин ҷо хонаи бобаракат аст ва аз ҳамон рӯзҳои аввал то ба ҳол меҳмондор мебошад.

— Мегӯянд, ки “кабк аз даҳони худ тир мехӯрад”, муаллимаи азиз. Ана акнун интизор бошед, мо ҳам ба он хонаи бобаракат меҳмонӣ рафтанием.

Нурулло АБДУЛЛОЕВ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон

— Театр бе синамо ҳазорсолаҳо арзи вуҷуд дошт ва пайдоиши синамо ҳам дар оғоз ҳеҷ иртиботе ба театр надошт. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ин ду соҳа он қадар тараққӣ кардаанд, ки метавонанд ҳар яке бо роҳи худ раванд.

— Пиндоратон андаке шубҳабарангез аст, устоди гиромӣ. Вагарна, вақте ҳар ду соҳа тараққӣ карда бошанд, чаро ҳангомаи “Ҳолливуд”-у “Болливуд” бештар аст?

Ҷумъахон ФАЙЗАЛИЗОДА, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон

— Инсон ҳамеша дар талош аст, ки натиҷаи талошҳо ва амали анҷомдода ӯро ба мақсад расонад. Агар дар ин росто манфиати моддиву маънавӣ ба ҳам омезиш ёфта, донишу фаҳмиш ва ҷаҳонбинӣ васеъ гардад, магар ин сифати инсонӣ боиси маҳкум шудан аст?

— Чунон саволи мураккабу файласуфона додед, ки дар посух мушкилӣ мекашем, ҷаноб. Ҳамон манфиати моддиро овардаву инҷо қуш карданатон шарт буд-мӣ?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *