Рақобати Нурулло Алиев лағв шуд

Варзишгари маъруфти тоҷик Нурулло Алиев, ки мебоист рӯзи 12 ноябр дар мусобиқоти UFC 295 ба майдон мебаромад, хабар дод, ки осеб бардоштааст ва муҳорибааш лағв шуд.

Нурулло Алиев бо нашри аксе дар саҳифаи расмиаш дар Инстаграмм чунин навишт:

-Чанд вақти хозир бо сабаби масъалаҳои оилавӣ дар корномаи варзишиам танаффус доштам, вале чун медонистам рақиби арзанда дорам, омодагии ҷиддӣ доштам. Чанд рӯз пеш дар вақти тамрин поям осеб бардошт ва бо қарори духтурони ташкилоти UFC ба муҳорибаи навбатиам баромада наметавонам.

Нурулло Алиев бояд бо Матеуш Ребетски, нафаре, ки варзишгари тоҷик Лоиқ Раҷабовро шикаст дода буд, ба муҳориба барояд, вале тавре маълум шуд, ин рақобат доир намегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *