Сари сабз. Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Баҳром ШАРИПОВ, доктори илмҳои иқтисодӣ

— Ду бонки асосии низомсоз — “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” қариб 50% пасандозҳои низоми бонкиро ташкил медоданд. Аз нуқтаи назари гум кардани пардохтпазирӣ имконияти баргардонидани саривақтии пасандозҳоро бохтанд.

Наход бохти ин ду бонки низомсоз аз бохту дарду доғи мардуми пасандозгузошта аламовартар бошад-а, ҷаноби доктор!? Ё мегӯед, дунё ба умед аст?

Файзалӣ ФОЗИЛОВ, ҳунарманди ҷавони тоҷик

— Ба ном овозхонҳо хеле зиёд шудаанд. Ба фикри шахсии ман, сабаби ягона — ин шуҳратталабист. Яъне, бархеҳо мехоҳанд бо як роҳе миёни мардум шинохта шаванд ва худро овозхон муаррифӣ карда, аз ин пеша нон ёбанд.

Ҳаҳаҳаҳ, аз афташ, тушбераашонро хом шумурдаанд. Ку як рӯйхат кунед, кормандони андозро наздашон фиристем… Баъд мебинед, ки хеле кам шудаанд.

Барзу АБДУРАЗЗОҚОВ, режиссёри машҳури тоҷик

— Барои мисол, ман Театри Лоҳутӣ меравам, ассалом мегӯям. Мегӯянд, ки чӣ мехоҳед? Мегӯям, ки ҳамин хел омадам. Омада бошӣ, тамошо куну баро рав мегӯянд. Маро шояд аз даромадгоҳи Театри ҷавонон роҳ надиҳанд.

— Хайр, тоқати тамошо кардани саҳнаҳояшонро надошта бошед, наравед охир! Ба Театри Маяковский равед, шояд писандатон ояд ва ҳам пешвозатон бароянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *