Сармоягузорӣ дар Тоҷикистон: Хитой дар ҷойи аввал меистад

Имсол Хитой дар рушди иқтисоди Тоҷикистон саҳми намоён дорад ва  дар   рейтинги кишварҳои сармоягузор мақоми аввалро касб намудааст.  

Тавре ки зимни нишасти матбуотӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон имрӯз ба хабарнигорон иттилоъ дод,  дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дармаҷмӯъ ба Тоҷикистон 131,5 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст. Аз ҷумла Хитой-76,6 миллион доллар, Русия-20,6 миллион доллар, Нидерланд-10 миллион доллар,  Арабистони Саудӣ-6,9 миллион  доллар, Филиппин-3,5 миллион доллар, Британияи Кабир-3 миллион доллар, Амрико-2,7 миллион доллар, Белгия-2 миллион доллар, Аморати Муттаҳидаи Араб-1,9 миллион доллар, Швейтсария-1,7 миллион доллар ва Фаронса-0,9 миллион доллар ташикил медиҳад.

Ба саволи хабарнигори «Тоҷикистон» дар мавриди сабаби набудани номи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин рӯйихат ва солҳои охир коҳиш ёфтани ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҷониби ин кишвар  бо Тоҷикистон, Ф.Қаҳҳорзода чунин посух гуфт: «Ба Ҷумҳурии Исломии Эрон  барои ворид намудани сармояи мустақим ба Тоҷикистон ягон маҳдудият нест. Чандин лоиҳаҳои азим, аз қабили нақби «Истиқлол», НБО-и Сангтӯда-2 ва монанди ин дар Тоҷикистон амалӣ гардидаанд. Мо бо соҳибкорони эронӣ дар мавриди иҷрои тарҳҳои дигар  чандин мулоқоту вохӯрӣ анҷом додаем.  Ҳоло барои бунёди корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе бо маблағи 100 миллион гуфтугузор идома дорад. Инчунин,  ширкати «Муборак ТМ» ҳавасмандии худро баҳри бунёди корхонаи коркарди обҳои ташнашикан дар шаҳри Душанбе баён дошт» .

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *