2-адад хуллаҳои тиллоиро мехостанд аз кишвар берун баранд

Бино ба маълумоти ВКД, 26-уми июли соли 2017, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар терминали №1-и фурудгоҳи ш.Душанбе ҳангоми бақайдгирӣ ва гузаштан аз нуқтаи санҷиши бағоҷ мусофири хатсайри “Душанбе-Дубай”, зани 39-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони муомилоти ғайриқонунии металлҳои қимматбаҳо дастгир карда шуд.

Ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи дастиаш аз номбурда, мувофиқи маълумотномаи нозироти давлатии Иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-адад хуллаҳои аз металли тилло сохта шуда, ки вазни умумиашон 469,0-грамм ва арзиши умумиашон 96 ҳазору 458-сомониро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *