Тоҷикистон: Дастгиршавии қирғиз бо далларҳои қалбакӣ

29-уми июли соли 2017, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, марди 38-солаи сокини вилояти Боткент ҳамчун гумонбар дар муомилоти пулҳои қалбакӣ дастгир карда шуд.

Номбурда 80-адад купюраҳои 100-доллараи амрикоии қалбакиро бо мақсади ба муомилот баровардан, тавассути гузаргоҳи сарҳадии ҷамоати деҳоти Лаккони ш.Исфара ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, онро дар назди осоишгоҳи “Зумрат”-и ш.Исфара бар ивази 3600-доллари амрикоӣ ба шахси дигар супоридааст.
Купюраҳои мазкур ба меъёрҳои технологии тайёркунӣ ва ба купюраҳои дар муомилот будаи аслӣ мувофиқат намекунанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *