Путин шумораи дипломатҳои амрикоиро кам мекунад

Президенти Русия Владимир Путин дар як суҳбати телевизионии худ гуфт, шумори дипломатҳои амрикоӣ ва кормандони техникии онҳо дар кишвараш 755 нафар кам хоҳанд шуд. Ба гуфтаи Путин, ӯ ба ин тасмими Вазорати умури хориҷии Русия дар посух ба ташдиди таҳримҳои Конгресси ИМА зидди кишвараш шахсан иҷозат додааст.

Президенти Русия афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои иловагиро зидди ИМА зарур намешуморад, зеро он метавонад «куллан ба рушди робитаҳои байналмилалӣ осеб расонад».

Путин изҳор дошт, ки муносибатҳои дуҷонибаи Русия ва Амрико ба зудӣ беҳтар нахоҳанд шуд. Вале қайд кард, ки ду кишвар ҳамкориро дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар пешгирӣ аз паҳн шудани силоҳи қатли ом ва терроризм бояд идома диҳанд. Ӯ гуфт, ҳамкориҳои Москва ва Вашингтон дар ҳалли буҳрони Сурия натиҷаи мусбат додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *