Интихоби нахуствазири нав

Ба думболи истеъфои нахустазир Навоз Шариф, порлумони Покистон эълон кард, ки рӯзи 1-уми август барои интихоби нахуствазири нав ҷаласа баргузор мекунад.

Навоз Шариф рӯзи 28-уми июл ва баъди он аз мақомаш рафт, ки Додгоҳи олии Покистон амр дод, ба сабаби иртиботи ӯ ба қазияи фасодкорӣ Навоз Шариф аз мақомаш барканор карда шавад.

Авроқи Панама соли 2016 навишт, ки хешовандони Навоз Шариф пулҳояшонро дар минтақаҳои оффшорӣ пинҳон кардаанд. Худи ӯ мегӯяд, ҳеҷ кори хатое накардааст.

Ҳизби Лигаи мусулмонони Навоз Шариф, ки аксарияти курсиҳои порлумонро дар даст дорад, гуфтааст, Шаҳид Хоқон Аббосиро ба мақоми нахуствазири муваққатӣ пешбарӣ мекунад.

Аҳзоби мухолиф гуфтаанд, ки ба ҷойи Аббосӣ, сиёсатмадори вафодор ба Навоз Шариф ва вазири пешини нафт, номзади худро пешбарӣ мекунад. Шаҳбоз Шариф, раиси вилояти Панҷоб ва бародари Навоз Шариф гуфтааст, ки барои соҳиб шудан ба курсии бародараш дар интихоботи оянда ширкат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *